Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ: сабабҳои рух додани ҳодиса дар Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе омӯхта мешаванд

Февраль 25, 2019 13:40

ДУШАНБЕ, 25.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз бар асари як ҳодисаи нохуши тасодуфӣ дар маҳалли корҳои сохтмонии Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе 9 нафар сохтмончиён аз баландӣ ба замин афтоданд.

«Ҳамаи нафароне, ки дар ин ҳодиса ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд, дарҳол дар «Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон» — шаҳраки «Шифобахш» бистарӣ карда шуданд», — гуфт сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Умеда Юсуфӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар».

Ба иттилои мавсуф, як нафари онҳо, ки вазъи саломатияш хуб аст, аз бистарӣ шудан даст кашид ва аз беморхона ҷавоб дода шуд.

«Барои муайян намудани сабабҳои ҳодиса аз ҷониби Кумита гурӯҳи корӣ таъсис ва фавран ба ҷойи ҳодиса равон карда шуд. Гурӯҳи корӣ ҳолатҳои ҷойдоштаро санҷида, сабаби рух додани ҳодисаро муайян менамояд», -илова намуд Умеда Юсуфӣ.

Хотиррасон менамоем, ки Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе дар майдони 12 гектар ҷойгир шуда, ҳоло дар он корҳои бунёдкорӣ идома доранд. Он аз биною мавзеъҳои намозхонӣ, китобхона, осорхона, толорҳои маҷлисӣ ва қабули меҳмонон барои мулоқоту гуфтушунидҳо иборат хоҳад буд.

Февраль 25, 2019 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мешавад
АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонӣ аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид