Маркази байналмилалии Наврӯз — рамзи эҳё ва муаррифии фарҳанги миллии тоҷикон
ДУШАНБЕ, 20.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ҳифз ва рушди арзишҳои фарҳангии миллӣ яке аз вазифаҳои муҳими давлат ва ҷомеа ба шумор меравад. Миллати тоҷик дорои таърихи куҳан ва фарҳанги ғанӣ буда, давоми ҳазорсолаҳо анъанаҳо, ойинҳо ва ҷашнҳои миллиашро ҳифз намудааст. Яке аз чунин ҷашнҳои куҳан ва пурмазмун ҷашни Наврӯз мебошад, ки рамзи эҳёи табиат, сулҳу дӯстӣ ва оғози зиндагии нав ба ҳисоб меравад. Бо назардошти аҳамияти бузурги ин ҷашни миллӣ, дар шаҳри Душанбе бунёди Маркази байналмилалии Наврӯз ҳамчун иқдоми фарҳангии муҳим амалӣ мегардад.
— Ин марказ дар доираи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бунёд карда мешавад ва ҳадафи асосии он муаррифии фарҳанги миллӣ, рушди анъанаҳои ниёгон ва густариши робитаҳои фарҳангии байналмилалӣ мебошад. Марказ бояд ба яке аз рамзҳои муҳими фарҳангии пойтахт табдил ёбад.
Ҷашни Наврӯз яке аз қадимтарин ҷашнҳои мардумони Шарқ ба шумор меравад, ки таърихи он ба ҳазорсолаҳо мерасад. Ин ҷашн аз замонҳои бостон ҳамчун рамзи бедории табиат, эҳёи ҳаёт ва оғози соли нав таҷлил мегардад. Наврӯз на танҳо ҷашни миллӣ, балки ҷашни фарҳангии тамаддунҳо мебошад, ки арзишҳои инсонӣ, аз қабили дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтиром ба табиатро тарғиб мекунад.
Бо назардошти аҳамияти бузурги фарҳангии Наврӯз ин ҷашн аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эътироф гардида, имрӯз дар бисёр давлатҳои ҷаҳон таҷлил карда мешавад. Барои мардуми тоҷик Наврӯз ҷузъи ҷудонашавандаи фарҳанг ва ҳувияти миллӣ ба ҳисоб меравад.
Дар Тоҷикистон Наврӯз на танҳо ҷашн, балки мактаби ахлоқ ва фарҳанг мебошад. Дар ин рӯз мардум хонаҳоро тоза мекунанд, бо либосҳои миллӣ ороста мешаванд, дастархони идона меороянд ва суннатҳои миллиро эҳё менамоянд. Ҳамаи ин нишон медиҳад, ки Наврӯз дар ташаккули арзишҳои маънавии ҷомеа нақши муҳим дорад.
Бунёди Маркази байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе бо мақсади ҳифз ва муаррифии ин ҷашни бостонӣ яке аз иншооти муҳими меъморӣ ба шумор меравад, ки бо услуби миллӣ ва ороишоти анъанавии тоҷикӣ сохта мешавад.
Марказ дорои толорҳои бузурги фарҳангӣ, утоқҳои намоишӣ ва толорҳои баргузории чорабиниҳои байналмилалӣ мебошад. Ороиши дохилии бино бо нақшу нигори миллӣ, кандакорӣ, гаҷкорӣ ва дигар унсурҳои ҳунарҳои мардумӣ анҷом дода мешавад, ки ин ҳама аз маҳорати баланди ҳунармандони тоҷик шаҳодат медиҳад.
Бунёди чунин марказ на танҳо барои шаҳри Душанбе, балки барои тамоми Тоҷикистон аҳамияти калон дорад. Зеро он ҳамчун макони баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, конфронсҳои байналмилалӣ ва ҷашнҳои миллӣ хизмат мекунад.
Дар солҳои охир рушди инфрасохтори фарҳангӣ дар шаҳри Душанбе босуръат идома дорад. Дар ин раванд саҳми Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ назаррас мебошад. Бо ташаббус ва дастгирии муҳтарам Рустами Эмомалӣ якчанд иншооти фарҳангӣ, варзишӣ ва иҷтимоӣ бунёд гардидаанд, ки ба ободонии пойтахт ва рушди ҳаёти фарҳангии ҷомеа мусоидат мекунанд.
Бунёди Маркази байналмилалии Наврӯз яке аз чунин иқдоми муҳими фарҳангӣ мебошад. Ин иқдом далели он аст, ки роҳбарияти шаҳр ба ҳифз ва рушди арзишҳои миллӣ аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Марказ на танҳо рамзи фарҳанги миллӣ, балки нишонаи эҳтиром ба таърихи гузашта ва мероси фарҳангии ниёгон мебошад.
Илова бар ин, чунин иқдом ба баланд бардоштани нуфузи байналмилалии шаҳри Душанбе низ мусоидат мекунад. Бо баргузории чорабиниҳои фарҳангии сатҳи баланд пойтахт метавонад ҳамчун маркази муҳими фарҳангии минтақа муаррифӣ гардад.
Маркази байналмилалии Наврӯз ба яке аз маконҳои ҷолиби фарҳангии шаҳри Душанбе табдил хоҳад ёфт. Сайёҳони хориҷӣ ва меҳмонони ҷумҳурӣ метавонанд тавассути боздид аз ин марказ бо фарҳанг, ҳунарҳои мардумӣ ва анъанаҳои миллии тоҷикон шинос шаванд.
Инчунин марказ метавонад барои баргузор намудани фестивалҳо, намоишгоҳҳо ва барномаҳои фарҳангии байналмилалӣ истифода шавад. Чунин чорабиниҳо на танҳо ба рушди фарҳанг мусоидат мекунанд, балки барои рушди соҳаи сайёҳӣ низ замина фароҳам меоранд.
Бо ин роҳ Маркази байналмилалии Наврӯз метавонад ба платформаи муҳим барои муаррифии фарҳанги тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ табдил ёбад.
Ҳамин тавр, бунёди Маркази байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе иқдоми муҳими фарҳангӣ ва таърихӣ ба ҳисоб меравад. Ин марказ рамзи эҳтиром ба анъанаҳои миллӣ ва фарҳанги куҳани тоҷикон мебошад. Ташаббуси раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар бунёди чунин марказ аз ғамхории роҳбарияти мамлакат нисбат ба рушди фарҳанг ва ҳифзи мероси миллӣ шаҳодат медиҳад.
Маркази байналмилалии Наврӯз на танҳо иншооти меъморӣ, балки макони гиромидошти арзишҳои фарҳангӣ, таҳкими дӯстӣ байни халқҳо ва муаррифии фарҳанги тоҷикон дар сатҳи ҷаҳонӣ мебошад. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки чунин иқдом дар таҳкими худшиносии миллӣ ва рушди фарҳанги тоҷикон нақши муҳим мебозанд. Аз ҷумла:
— бо бунёди ин марказ суннатҳо ва арзишҳои фарҳангии миллати тоҷик ҳифз карда мешаванд. Дар ин ҷо анъанаҳои наврӯзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва расму ойинҳои миллӣ муаррифӣ ва тарғиб мегарданд.
— Марказ ҳамчун макони баргузории чорабиниҳои фарҳангии сатҳи байналмилалӣ хизмат мекунад. Ин имконият медиҳад, ки фарҳанги тоҷикон ба меҳмонон ва намояндагони давлатҳои дигар муаррифӣ гардад.
— Маркази байналмилалии Наврӯз ба яке аз мавзеъҳои ҷолиби фарҳангии Душанбе табдил ёфта, таваҷҷуҳи сайёҳонро ҷалб мекунад. Ин раванд ба рушди сайёҳӣ ва муаррифии шаҳр мусоидат менамояд.
— Фаъолияти чунин марказҳо дар байни ҷавонон эҳсоси ифтихор аз фарҳанг, таърих ва анъанаҳои миллиро тақвият медиҳад. Он барои тарбияи маънавӣ ва фарҳангии ҷомеа аҳамияти муҳим дорад.
Субҳиддин ЗИЁЕВ,
ходими пешбари илмии шуъбаи Аврупои Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,
номзади илмҳои филология
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҷашни Наврӯз дар Ҳисор бо иштироки меҳмонон аз Ҷумҳурии Узбекистон таҷлил гардид
Тоҷикистон — Узбекистон: иродаи устувор ва талошҳои муштарак дар роҳи таҳкими эътимод, дӯстӣ ва ҳамсоягии нек
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
Дар ҷашни Наврӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кадом хӯрокҳо омода карда мешаванд?
Дар ноҳияи Ҳамадонӣ Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Иди байналмилалии Наврӯз дар Деваштич бо риояи анъана ва суннатҳои миллӣ таҷлил гардид
САЙРЕ БА ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИИ ДАНҒАРА. Омӯзиши онҳо ба худшиносии насли наврас ва ҷавонон мусоидат мекунад
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
Дар Пенза Иди Наврӯзро бошукуҳ таҷлил намуданд
Дар Толятти Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил намуданд






