«НАҲЗАТИҲОИ БОСМАЧӢ ДИГАР ДАР ТУРКИЯ ҶОЙГОҲ НАДОРАНД…». Суханронии раиси Анҷумани тоҷикон дар Туркия дар симпозиуми байналмилалӣ
ДУШАНБЕ, 06.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, 5 феврали соли 2019 дар Ҷумҳурии Туркия Симпозиуми байналмилалӣ таҳти унвони «Муқовимат бар зидди созмони террористии наҳзат» баргузор гардид. Дар ин Симпозиум амалҳои ифротгароёна ва террористии ҲНИ ва ҳаммаслаконаш аз ҷониби иштирокдорон ба таври амиқ маҳкум карда шуд. Аз ҷумла, раиси Анҷумани тоҷикон дар Туркия Зафар Мақсудов доир ба амалҳои хиёнаткоронаи наҳзатиён муфассал сухан гуфт, ки матни пурраи онро манзури хонандагон мегардонем:
-Мубориза бо терроризм ва тундгароии хушунатомез барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аввали солҳои 90-уми асри XX – ҳанӯз дар оғози бунёди давлати соҳибихтиёри худ ҳадафи амалҳои тахрибкоронаи террористону ифротгароёни наҳзатӣ қарор гирифт, дар раванди таъмини сулҳу субот ва амнияти устувори кишвар ва ҳамин тартиб дар сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар мақоми муҳим дорад.
Дар натиҷаи бесарусомониҳо ва ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ, ки бевосита аз ҷониби наҳзатиҳо роҳандозӣ шуда буд, дар кишвар беш аз сад ҳазор нафар кушта шуда, беш аз як миллион нафар мардуми осоишта бехонумону фирорӣ гардиданд.
Бо вуҷуди ин, Ҳукумати Тоҷикистон тавонист, то муколамаи васеъро дар кишвар ба роҳ монда, сулҳу субот ва ваҳдати миллиро таъмин кунад.
Имрӯз ҳодисаҳои даҳшатбори минтақаи Шарқи Наздик, паҳншавии фаъолиятҳои террористӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам, бахусус раванди таҷаммӯи гурӯҳҳои террористӣ дар сарҳадоти ҷанубии Тоҷикистон, дар қаламрави кишвари ҳамсоя — Афғонистон зарурати тақвияти муқовимат бо идеологияи тундгаро ва терроризмро дигарбора таъкид мекунад.
Таҷрибаи талхи бисёр кишварҳои олам нишон медиҳад, то дар мубориза бо ин вабои аср, ки талоши паҳншавӣ дар саросари оламро дорад, кишварҳои алоҳида ба танҳоӣ наметавонанд муваффақ бошанд. Дар раванди пешгирӣ аз паҳншавии идеологияи харобиовар, амалҳои террористӣ ва таҳдидҳои глобалӣ танҳо бо роҳи ҳамкорӣ ва фаъолияти муштарак метавон пирӯз гардид.
Раванди мубориза бо терроризм дар манотиқи гуногуни олам ва кишварҳои алоҳида нишон медиҳад, ки дар ин росто ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳанӯз аз мавқеъгирии ягона оид ба мафҳумҳои терроризм ва экстремизм бархурдор нест. Ҳанӯз ҳам мутаассифона, зимни арзёбии ин падидаҳои нанговари таҳдидбарангез ва омилони он аз ҷониби ниҳодҳои алоҳидаи байналмилалӣ, бахусус САҲА ва кишварҳои алоҳида, аз ҷумла Ҷумҳурии Исломии Эрон муносибатҳои «духӯра» ба мушоҳида мерасанд.
Бар асари омили мазкур гурӯҳҳо ва ҳаракатҳои мухталифи террористиву экстремистӣ, бахусус созмони хатарноки наҳзат таҳти парастории иттилоотиву сиёсӣ, молиявӣ ва дигар шаклҳои дастгирии кишварҳо ва созмонҳои алоҳида қарор гирифта, фаъолияти харобкоронаи худро идома медиҳанд.
Аммо ба таъкиди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «… террористу ифротгаро ватану миллат ва дину мазҳаб надорад. Террорист — террорист аст ва ӯ ҳеҷ гоҳ “худӣ” ё “бегона” ва ё “таҳаммулгарову” “тундгаро” буда наметавонад. Муборизаи самарабахш алайҳи терроризму ифротгароӣ ва тундгароии хушунатангез ба ҳеҷ ваҷҳ сиёсати “меъёрҳои дугона”-ро намепазирад».
Хусусияти глобалии хатари терроризм ва ифротгароӣ ҷиддан тақозо менамояд, ки нисбат ба ин ду мафҳум мавқеъ ва меъёрҳои ягонаву умумӣ таҳия ва қабул карда шаванд. Парокандагии ҷомеаи байналмилалӣ ва муносибатҳои гуногунранги кишварҳои алоҳида метавонад сабаби тавсеаи ҷуғрофияи хатару таҳдидҳои хатарбори мазкур дар шаклу усулҳои пешгӯинашаванда ва боз ҳам даҳшатнок гардад.
Дарк бояд кард, ки ҳадаф аз амалҳои террористӣ, новобаста аз макон ва ҳадафи иҷрои онҳо, қабл аз ҳама, хушунату зӯроварӣ, хунрезиву низоъҳои диниву мазҳабӣ ва нажодӣ мебошад. Дар ин замина он ҳам боиси нигаронии амиқ аст, ки террористон ва ифротгароён, аз ҷумла наҳзат бо суиистифода аз номи поки дини ислом ба паҳншавии афкори исломситезӣ ва бадбинии мусулмонон мусоидат менамоянд.
Амалҳои террористии чанд соли охир дар Сурия, Ироқ, Англия, Франсия, Миср, Россия, Индонезия, Афғонистон ва баъзе дигар кишварҳои ҷаҳон аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар сурати наандешидани тадбирҳои муштарак дасти терроризм бо ҳар роҳу восита ба минтақаҳои дурдасти олам метавонад роҳ ёбад.
Мо, тоҷикони муқими Туркия таҷрибаи талхи амалҳои террористии аъзои наҳзат дар Тоҷикистон ва Туркияро мушоҳида намудаем, орзуи онро дорем, ки мардумони мо дар фазои амн ва осоишта зиндагӣ кунанд ва рушди минбаъдаи кишварҳоро ба хотири наслҳои оянда таъмин намоянд. Зимнан, моро зарур аст, то фазои эътимод, таҳаммулгароӣ ва ҳамдигарфаҳмиро миёни ҷомеа ва тамаддунҳо тавсеа бахшем, ки ин дар навбати худ имкониятҳои моро дар муқовимат бар зидди хатару таҳдидҳои муосир бештар месозад.
Мо аз талошҳои кишвари дӯсту бародари Туркия барои истиқрори сулҳу субот дар минтақаи Шарқи наздик ҷонибдорӣ менамоем ва бар ин боварем, ки маҳз ба шарофати ҳамкории Туркия ва шарикони он гурӯҳҳои террористӣ дар минтақа шикаст хӯрданд. Мо, аъзои анҷумани тоҷикон дар Туркия ба ҳукумати муҳтарами Туркия изҳори сипос менамоем, ки тамоми аъзои созмони хатарноки террористии наҳзатро аз қаламрави кишвари дӯсти мо рондаанд. Мо мутмаин ҳастем, ки мақомоти марбутаи Туркия аъзои созмони террористии наҳзатро бо роҳбарии М. Кабирӣ дигар ба Туркия роҳ нахоҳанд дод. Вақте ки аъзои созмони террористии наҳзат дар Туркия иқомат мекарданд, номи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин кишвар, бахусус шаҳри Истанбулро бадном карда буданд. Аммо хушбахтона, имрӯз мо, тоҷикони муқими Туркия дар фазои солим ба сар мебарем ва аз аъзои созмони экстремистӣ-террористии наҳзат талаб мекунем, ки номи мубораки Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар кишварҳои Аврупо ба забон нагиранд. Шумо наҳзатиҳои душмани миллати тоҷик ҳастед ва ҳуқуқи аз номи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфтан надоред.
Ҳамин тартиб, мо ҷонибдори ҳамкории муштараки Тоҷикистон ва Туркия ба муқобили терроризм ва омилони ин падидаи даҳшатбарангез мебошем.