ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок ва тағйирёбанда дар назар аст

Февраль 2, 2019 09:06

ДУШАНБЕ, 02.02.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда  дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок шуда, дар баъзе минтақаҳо боридани барф  дар  назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 10-15  ва рӯзона 1-6 дараҷа сард мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона  24-29 ва рӯзона 10-15  дараҷа сард мегардад.

Дар вилояти Суғд   ҳавои абрноки бебориш дар назар аст. Дар минтақаҳои кӯҳӣ барф меборад.  Шамол аз самти шарқ 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5  ва рӯзона 6-11 дараҷа гарм шуда, дар кӯҳҳо шабона 3-8  дараҷа сардӣ дар назар аст.

Дар вилояти Хатлон   ҳавои тағйирёбандаи бебориш  ва  дар минтақаҳои кӯҳӣ борон ва барф меборад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-7 ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо шабона ҳарорат ба    -2+3 дараҷа расида, рӯзона  4-9 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, дар водиҳо боридани борони кӯтоҳмуддат дар  назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 ва рӯзона 8-13 дараҷа гарм мешавад. Дар кӯҳҳо ҳаво шабона аз 3-8 дараҷа сард шуда, ҳарорат рӯзона  ба -1+4 дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе боридани борони кӯтоҳмуддат  дар назар дошта шуда, ҳаво шабона 2-4 ва рӯзона 10- 12 дараҷа гарм мешавад.

Февраль 2, 2019 09:06

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид