ПАНҶ АБАРМАРДИ МИЛЛАТ. Агентии иттилоотии «Спутник»-и Россия дар Рӯзи артиш аз родмардоне ёдовар шудааст, ки марзу бум ва арзишҳои Тоҷикистонро қаҳрамонона дифоъ кардаанд

Февраль 25, 2019 18:30

ДУШАНБЕ, 25.02.2019/АМИТ «Ховар»/. «Дар таърихи Тоҷикистон қаҳрамонон кам набуданд, ки онҳоро метавон муҳофизи Ватан номид. Онҳо барои насли имрӯзу фардо намунаи ибратанд», — нигоштааст Агентии иттилоотии «Спутник»-и Россия. Агентӣ дар арафаи Рӯзи Артиши миллии Тоҷикистон, ки «иди мардон» низ меноманд, аз панҷ нафар родмардоне ном бурдааст, ки «Тоҷикистонро дар солҳои гуногун аз нобудӣ наҷот додаанд».

Спитамен

Бино ба гуфти хабаринигори «Спутник», агар таърихро варақгардон кунем,   бо номи қаҳрамони суғдӣ Спитамен дучор мешавем. Он замон Тоҷикистон, чун кишвар,  вуҷуд надошт.  Сарзамини  Суғд  ба ҳайъати Хаҳоманишинҳо дохил мешуд.

«Вақте ки ба ин сарзамин Искандари Мақдунӣ лашкараш кашид, Спитамен  зидди истилогарони юнонӣ шӯриш бардошт (солҳои 329-327 то мелод). Муҳофизи ҷавон худро ташкилотчии пухта ва сарлашкари тавоно нишон дод. Вай дарк мекард, ки мубориза бо лашкари пуртаҷрибаи Искандар барои тарафдоронаш осон нест, барои ҳамин таҷрибаи ҷанги камингирифтагонро истифода кард. Баробари пирӯзиҳои аввал, сафи артиши Спитамен бузургтар мешуд,  илова бар ин, ба ӯ қавмҳои ҷанговари скифҳо ҳамроҳ шуданд», —  нигоштааст агентӣ.

Дар идома «Спутник» навиштааст, ки Спитамен қувваи калонеро ҷамъ карда, шаҳри бузурги Мароқанд (Самарқанд)-ро озод кард. Искандар ба шаҳр 3 ҳазор лашкари дигар фиристод. Қувваҳои муттаҳидшудаи суғдиҳо ва скифҳо дар наздикии рӯди Зарафшон камин гирифтанд ва лашкари мақдуниҳоро торумор намуданд. Ин аввалин шикасти бузурги сарбозони тавонои Искандар буд.

Баҳори соли оянда Искандар хост ба шӯриш анҷом бахшад ва ба ҳамин хотир артишашро ба се қисм тақсим карда,  120 ҳазор сокини осоиштаи Суғдро қатли ом кард. Артиши Спитамен дар ин ҷанги номардона шикаст хӯрд, худи Спитаменро дӯстони дирӯзааш скифҳо ба қатл расонданд…

Исмоил Сомонӣ

Шоҳ Исмоил Сомониро дар Тоҷикистон асосгузори сохти давлатдории тоҷикон медонанд. «Шоҳ баъди ба даст гирифтани Бухоро дар соли 875 тавонист  дар даҳ сол шаҳрро ободу зебо кунад. Ба ин дастовардҳои Исмоил бародараш Наср ибни Аҳмад бо ҳасад назар мекард». – зикр намудааст «Спутник».

Бино ба маълумоти хабарнигори агентии «Спутник», Наср аз пешравиҳои зиёди Бухоро ҳаросида ба  шаҳр лашкар мекашад, аммо шикаст мехӯрад. Исмоил на танҳо бародарашро зиндон намекунад, балки Самарқандро дар ихтиёраш вомегузорад.

Исмоил Сомонӣ пас аз марги бародари калониаш ба тахти давлати Сомониён менишинад ва ҳатто лашкар кашида, ҳудуди давлатро  васеътар мекунад. Ин муваффақиятҳои ӯ халифаи Бағдодро низ нигарон месозад.

Халифаи Бағдод дар соли 898 барои сарнагун кардани шоҳ  дастпарвараш Амр ибни Лайсро бо лашкари бузурге ба Мовароуннаҳр фиристод. Лайс дар Балх аз лашкари Сомониён сахт шикаст хӯрд.

«Ҳукумати хилофати Бағдод бо ҳамин дар Осиёи Марказӣ ба итмом мерасид ва кишварҳои форснишин аз истилои араб озод мешаванд. Ин бузургтарин хизмати Исмоили Сомонӣ  арзёбӣ карда мешавад», — арзёбӣ кардааст «Спутник».

Шириншо Шоҳтемур

Шириншо Шоҳтемур писари деҳқон ва аз Помир буд. Ӯ дар  деҳаи Поршневи бекигарии Шуғнон, ки ба аморати Бухоро  шомил мешуд,  ба дунё омадааст.

Шириншо аз 13-солагиаш дар хоҷагии ёрирасони отряди марзии Помир кор мекард. Сипас дар Тошканд таҳсил ва кор кардааст ва дар ҳамон ҷо ба сафи болшевикҳо ҳамроҳ шудааст. Шириншо ба боварии онҳо даромада, ба хона бармегардад ва кумитаи инқилобии маҳаллиро роҳбарӣ мекунад ва дар як вақт ба Кумитаи марказии ҳизби коммунистии Тоҷикистон аъзо шуда, бо босмачиҳо мубориза мебарад.

Тавре «Спутник» навиштааст, Шириншо Шоҳтемур аз аввалин ташаббускорони ташкилшавии ҷумҳурии мухтори Тоҷикистон дар ҳайъати ҷумҳурии Узбакистон буд.

Дар соли 1937 Шириншоро ба миллатгароӣ муттаҳам карданд ва ҳукми эъдом доданд. Аммо дар ин вақт Шириншо аллакай ба мақсадаш — ташкили Тоҷикистони шӯравӣ  расида буд. Ӯро пас аз 20 сол сафед карданд.  Ба Шириншо дар  соли 1999 бо Фаромони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон унвони Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд.

Неъмат Қарабоев

Аскари сурх Неъмат Қарабоев дар шимоли Тоҷикистон, дар шаҳри Конибодом таваллуд шудааст. Пас аз хатми нопурраи мактаби миёна дар курси кӯтоҳмуддати ҳисобчӣ таҳсил намуда, дар колхози маҳаллӣ ба кор шурӯъ мекунад.

Бино ба иттилои «Спутник», Қарабоев иштирокчии ҷанги Иттиҳоди Шӯравӣ бо Финляндия: моҳҳои январ-марти соли 1940 полки тирандози 300-ум.    Ӯ 5 сарбози душманро, ки ӯро асир гирифтан мехостанд, ба норинҷак нобуд кардааст.

Неъмат Қарабоев барои мардонагӣ ва қаҳрамонӣ дар ҷанг бо Финландия 21 марти соли 1940 ба унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ ва ордени Ленин сарфароз гардидааст. Ӯ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ аз аввалин нафаре буд, ки ба чунин унвони баланд ноил гашт.

Аз рӯзҳои аввали Ҷанги Бузурги Ватанӣ Неъмат Қаробоев ба майдони ҷанг рафтааст. Дар муҳорибаи Маскав иштирок кардааст. Қарабоев  соли 1943 ҳангоми убури рӯди Дон ҳалок шудаст.

«Чанд кӯчаву хиёбон дар пойтахти Тоҷикистон ва зодгоҳаш ба номи ӯ гузошта шудаанд», — чунин ба поён расонидааст қиссаашро дар бораи қаҳрамон аз Тоҷикистон агентии «Спутник».

Эмомалӣ Раҳмон

Тавре агентии «Спутник» навиштааст, «Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистонро аз пора-пора шудан наҷот дод ва ба ҷанги  шаҳрвандӣ хотима бахшид — ин далеле мебошад, ки чӣ ҷонибдорон ва чӣ мухолифинаш аз аввал то имрӯз эътироф мекунанд».

Сарвари имрӯзаи давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ташаббускори асосии имзои Созишномаи сулҳ ва ризояти миллӣ дар шаҳри Москва – пойтахти Федератсияи Россия дар таърихи 27 июни соли 1997 мебошад. Пас аз имзои созишномаи сулҳ низ Эмомалӣ Раҳмон рафъи тамоми мушкилиҳои кишварро ба дӯш мегирад ва барои баровардани Тоҷикистон аз бӯҳрон ва  муаррифии сазовори он дар саҳнаи байналмилалӣ саъю талоши беназир   анҷом медиҳад ва муваффақ мегардад.

Ба шарофати заҳмату талошҳои Пешвои миллати тоҷикон имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон  яке аз кишварҳои амн ва  дорои рушди босубот дар минтақа ва ҷаҳон эътироф гардидааст.

«Бояд ёдрас шуд, ки Президенти Тоҷикистон муддати  3 сол дар Флоти уқёнуси Ором адои хизмати ҳарбӣ кардааст», — илова кардааст «Спутник».

Февраль 25, 2019 18:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон дар ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатӣ дарозтарин парчам омода гардид
«БОНУИ ҲУНАР». Дар Душанбе 30 нафар занону духтарон ба касбомӯзӣ ҷалб гардиданд
Кормандони Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Рӯзи Парчами давлатиро бошукуҳ таҷлил намуданд
«НАҚШИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАШАККУЛИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз омадани сел дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон ҳушдор медиҳад
Дар шаҳри Омск Форуми 4-уми сарварони ҷавони Русия ва давлатҳои Осиёи Марказӣ оғоз ёфт
Ҷумҳурии Тоҷикистон 67-умин давлат дар самти манъи ҷазои ҷисмонӣ нисбат ба кӯдак гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми миллии комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак оғоз гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хоруғ Маркази стоматологӣ кушода шуд
Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон бо Агентии байналмилалии энергияи атомӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонид
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи корӣ оид ба вазъи зимистонгузаронӣ доир шуд
Дар шаҳри Истаравшан Маркази саломатӣ ба истифода дода шуд