РАСМИ ХУБИ ТОҶИКОН. Донишҷӯёни Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон барои Сергей Лавров суруд хонданд ва ҳамроҳаш акс гирифтанд

Февраль 6, 2019 15:39

ДУШАНБЕ, 06.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе пайдо шуд, ки дар он донишҷӯёни Донишгоҳи славянии Россия ва  Тоҷикистон ҳамроҳи ректорашон Нуралӣ Солеҳов Вазири  корҳои хориҷии Россия Сергей Лавровро пешвоз ва бо ӯ акс мегиранд.

Сергей Лавров дар рафти сафар ба Тоҷикистон дар назди донишҷӯёни Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистону суханронӣ  кард. Дар даромадгоҳ вазирро донишҷӯёни тоҷик ва рус бо либосҳои миллӣ  пазироӣ намуданд.

Онҳо барои Лавров сурудҳои миллии тоҷикию русӣ  хонданд ва ҳамроҳаш акс гирифтанд.

Сергей Лавров  зимни суханронии худ изҳор дошт, ки Россия кӯшиши он ҷавонони тоҷикро, ки мехоҳанд дар  макотиби  Россия таҳсил кунанд, қадр мекунад. «Имрӯзҳо мувофиқи барномаи Россия дар донишгоҳҳо ва донишкадаҳо  зиёда  аз 28 ҳазор нафар донишҷӯёни Тоҷикистон  таҳсил мекунанд», — афзуд вай.

Вазир ҳамчунин ёдовар шуд, ки роҳбарияти Тоҷикистон дар рушди омӯзиши забони русӣ ва фарҳанги русӣ дар кишвар аҳамияти хос медиҳад.

Ин сафари нахустини Вазири корҳои хориҷии Россия ба Тоҷикистон нест. Моҳи апрели соли 2012 низ дар ҷараёни сафари худ ба Тоҷиккистон Сергей Лавров меҳмони устодону донишҷӯёни Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон шуда буд. Дар ҳамоише, ки ба ин муносибат дар донишгоҳ баргузор шуд, ректори ҳамонвақтаи ДСРТ Маҳмадюсуф Имомзода ба Лавров дипломии «Доктори иифтихории Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон»-ро супорид.

Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дод, Вазири корҳои хориҷии Россия Сергей Лавров 4-5 феврали соли 2019  бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон  омад.   Ӯ бо  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамтои тоҷикаш Сироҷиддин Муҳриддин мулоқот  намуд.

Вазири корҳои хориҷии Россия С.В. Лавров дар Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон. Апрели соли 2012

Февраль 6, 2019 15:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Шералӣ Хоҷазода: «Намоиши осори бостонии тоҷикон дар Осорхонаи тамаддунҳои Рим эътирофи миллат дар арсаи байналмилалӣ аст»
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак оғоз мегардад
«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Дар Рим ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта мешаванд
«Шоҳҷоиза»-и сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» ба филми «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» тақдим гардид
Ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳои кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Радиои «Ҳисори Шодмон» расман ба фаъолият шуруъ намуд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» шинос шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон толори Сомониён пас аз навсозӣ ифтитоҳ гардид
РӮЗҲОИ СИНАМОИ ҚИРҒИЗИСТОН. Дар кинотеатри «Наврӯз»-и Душанбе се филми қирғизӣ ба намоиш гузошта мешавад
«ШОҲИ ТАОМҲО». Фестивали «Оши палав» ва Намоиш-фурӯши шолӣ ва биринҷ бо шукӯҳу шаҳомати хос доир гардид
«ОМАД ХУҶАСТА МЕҲРГОН, ҶАШНИ БУЗУРГИ ХУСРАВОН!». Дар Душанбе Иди Меҳргон таҷлил гардид