Шукурҷон Зуҳуров бо Ҷониш Рустенбеков мулоқот анҷом дод
ДУШАНБЕ, 8.02. 2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷониш Рустенбеков мулоқот намуд.
Дар ин бора котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дода, афзуд, ки ҷонибҳо масоили вобаста ба рушди муносиботи дӯстию ҳамсоягии нек ва ҳамкории судбахшро баррасӣ намуданд.
Ба иттилои манбаъ, Шукурҷон Зуҳуров аз рушди муносибатҳои дуҷониба ёдовар шуда, гуфт: «Заминаи ҳуқуқию қарордодии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистонро 98 санад ташкил медиҳад, ки давоми солҳои 1993-2018 ба имзо расидаанд. Ин санадҳо барои рушди муносибатҳои дуҷониба дар тамоми соҳаҳо заминаи мустаҳкам гузоштаанд».
Зикр шуд, ки нақши парлумонҳои ду ҷониб дар таҳкими ҳамкории гуногунсоҳа хеле назаррас мебошад. «Аз ин рӯ, мо бояд ҳарчи бештар робитаҳои байнипарлумонии мамлакатҳоямонро тақвият бахшем», — гуфт Раиси Маҷлиси намояндагон.
Бояд гуфт, ки ҳуҷҷатҳои асосие, ки муносибатҳои дутарафаи ҳарду мамлакатро ба танзим медароранд, Аҳднома оид ба муносибатҳои асосии байнидавлатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ва Аҳднома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва ҳамшарикӣ мебошанд.
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон дар доираи СММ, САҲА, ИДМ, СААД, СҲШ ва дигар созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ҳамкории судманд ба роҳ мондаанд.








Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи кумитаҳои парлумонии СААД иштирок намуданд
Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Вакилони Маҷлиси намояндагон барои иштирок дар барномаи табодули байнипарлумонӣ ба Амрико сафар намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Пагоҳ Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад






