Шукурҷон Зуҳуров бо Ҷониш Рустенбеков мулоқот анҷом дод

Февраль 8, 2019 14:00

ДУШАНБЕ, 8.02. 2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷониш Рустенбеков мулоқот намуд.

Дар ин бора котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дода, афзуд, ки ҷонибҳо масоили вобаста ба рушди муносиботи дӯстию ҳамсоягии нек ва ҳамкории судбахшро баррасӣ намуданд.

Ба иттилои манбаъ, Шукурҷон Зуҳуров аз рушди муносибатҳои дуҷониба ёдовар шуда, гуфт: «Заминаи ҳуқуқию қарордодии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистонро 98 санад ташкил медиҳад, ки давоми солҳои 1993-2018 ба имзо расидаанд. Ин санадҳо  барои рушди муносибатҳои дуҷониба дар тамоми соҳаҳо заминаи мустаҳкам гузоштаанд».

Зикр шуд, ки нақши парлумонҳои ду ҷониб дар таҳкими ҳамкории гуногунсоҳа хеле назаррас мебошад. «Аз ин рӯ, мо бояд ҳарчи бештар робитаҳои байнипарлумонии мамлакатҳоямонро тақвият бахшем», — гуфт Раиси Маҷлиси намояндагон.

Бояд гуфт, ки ҳуҷҷатҳои асосие, ки муносибатҳои дутарафаи ҳарду мамлакатро ба танзим медароранд, Аҳднома оид ба муносибатҳои асосии байнидавлатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ва Аҳднома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва ҳамшарикӣ  мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон дар доираи СММ, САҲА, ИДМ, СААД, СҲШ ва дигар созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ҳамкории судманд ба роҳ мондаанд.

Февраль 8, 2019 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ бо шоҳкориҳои Театри миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова мулоқот намуданд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунёгузел Гулманова вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Пешниҳодҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори ИДМ дастгирӣ ёфтанд
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Дар доираи Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ташаббуси Парлумони Тоҷикистон оид ба таҳияи ду қонуни намунавӣ тасдиқ шуд
Оид ба эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи навбатӣ ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд