ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 феврал, душанбе, 42-юмин рӯзи соли 2019 аст

Февраль 11, 2019 08:00

11 феврали соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Брюссел иштирок намуда, бо ҳамватанони муқими Белгия мулоқот анҷом доданд.

***

6 сол пеш,  11 феврали соли 2013 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон машварати корӣ доир намуда, масоили созандагию бунёдкорӣ, ободонию сабзазоркунии муҳити зист ва дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолиро баррасӣ намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2013 дар шаҳри Душанбе маҷмӯи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла, дар соҳаҳои сиёсат, амният, иқтисод ва савдо, сармоягузорӣ, иҷтимоиёт ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ баррасӣ шуд.

11 ФЕВРАЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии занону духтарон дар илм.

***

Рӯзи умумиҷаҳонии бемор.

***

Дар Камерун – Рӯзи ҷавонон.

***

Дар Либерия – Рӯзи қувваҳои мусаллаҳ.

РӮЙДОДҲО:

 11 феврали соли 2009 дар шаҳри Брюссел форуми тиҷоратии  соҳибкорони Тоҷикистону Белгия баргузор гардид.

***

11 феврали соли 2010  маросими супоридани қисми зиёди адабиёти таълимӣ-методӣ ва рассомӣ барои макотиби Тоҷикистон аз Федератсияи Россия баргузор гардид.

***

6 сол  қабл аз ин, 11 феврали соли 2013  дар шаҳри Париж маросими ифтитоҳи расмии «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013» баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати «Huaxin Cement  Co., LTD»-и Ҷумҳурии Мардумии Чинро тасдиқ намуд.

***

11 феврали соли 2016 дар шаҳри Душанбе масоили гуногунҷанбаи ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Туркманистон муҳокима карда шуд.

***

30 сол муқаддам, 11 феврали соли 1989 дар Венгрия бисёрҳизбӣ иҷозат дода шуд.

***

11 январи соли 1978 дар Чин манъи мутолиаи китобҳои Арасту, Шекспир ва Диккенс бекор карда шуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2015 аввалин маротиба дар таърихи ҷаҳон дар  Алмато маросими ботантанаи ифтитоҳи дафтари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ оид ба оғози кумаки тиббӣ-санитарӣ доир гардид.

 Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад

Февраль 11, 2019 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 декабр, якшанбе, 357-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 декабр, шанбе, 356-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 декабр, ҷумъа, 355-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 декабр, панҷшанбе, 354-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 декабр, чоршанбе, 353-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 декабр, сешанбе, 352-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 декабр, душанбе, 351-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 декабр, якшанбе, 350-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 декабр, шанбе, 349-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 декабр, ҷумъа, 348-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 декабр, чоршанбе, 346-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 декабр, сешанбе, 345-умин рӯзи соли 2024 аст