ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 феврал, ҷумъа, 53-юмин рӯзи соли 2019 аст

Февраль 22, 2019 08:00

22 феврали соли 2015 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 22-юмин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

***

3 сол пеш, 22 феврали соли 2016  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи 33 — юми ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бинои 9-ошёнаи истиқоматиро барои оилаҳои афсарони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода доданд.

 ***

Дар ин рӯзи соли 2017 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Маркази таълимии «Пойтахт»-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ташриф оварда, дар расми ифтитоҳи иншооти нави ин марказ иштирок намуданд.

22 ФЕВРАЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии дастгирии ҷабрдидагони ҷиноят.

***

Дар Қирғизистон – Рӯзи заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозӣ.

***

Дар Сент-Люсия- Рӯзи истиқлолият.

РӮЙДОДҲО:

22 феврали соли 2007 миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд Созишнома дар бораи лоиҳаи минтақавии энергетикӣ оид ба сохтмони Хатти интиқоли барқи 220-киловатта аз НБО «Вахш» то Афғонистон (Шерхон-Бандар) ба имзо расид.

***

22 феврали соли 2010 дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи хизмати давлатӣ» баррасӣ карда шуд.

***

5 сол пеш, 22 феврали соли 2014 дар шаҳри Ҳошимини Ветнам маросими қуръакашии даври ниҳоии Чемпионати Осиё-2014 оид ба футзал баргузор гардид. Дар натиҷаи он дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба гурӯҳи «А» шомил гардида, ҳарифонаш дастаҳои Ветнам, Кувайт ва Ироқ муайян шуданд.

***

22 феврали соли 2018 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба имзо расид.

***

Дар ин рӯзи соли 1958 созишнома дар бораи ҷойгир кардани яроқи ракетавии Америка дар ҳудуди Англия ба имзо расид.

***

22 фаврали соли  2000 дар Украина ҳукми қатл бекор карда шуд.

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1886 рӯзномаи «Таймс» аввалин маротиба сархати ахбори ашрофонаро нашр намуд.

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад

Февраль 22, 2019 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 ноябр, панҷшанбе, 326-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 ноябр, чоршанбе, 325-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 ноябр, сешанбе, 324-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 ноябр, душанбе, 323-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 ноябр, якшанбе, 322-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 ноябр, шанбе, 321-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 ноябр, ҷумъа, 320-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 ноябр, панҷшанбе, 319-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 ноябр, чоршанбе, 318-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 ноябр, сешанбе, 317-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 ноябр, душанбе, 316-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 ноябр, якшанбе, 315-умин рӯзи соли 2024 аст