Тақвими бозиҳои дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон мушаххас шуд
ДУШАНБЕ, 18.02.2018. /АМИТ «Ховар»/. Тақвими бозиҳои дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё, ки аз 22 то 26 марти соли равон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон мегузаранд, мушаххас гардид.
Ба ҳамин тартиб, футболбозони тоҷик дар аввалин вохӯрӣ -22 март дар варзишгоҳи «Локомотив»-и шаҳри Тошканд бо олимпичиёни Ҳиндустон вориди майдон мешаванд. Оғози бозӣ соати 15:00 дар назар аст.
Дар даври дуюм- 24 март шогирдони Усмон Тошев бо дастаи мунтахаби Покистон дар варзишгоҳи «Локомотив» ва 26 март бо ҳамсолонашон аз Ӯзбекистон дар варзишгоҳи «Пахтакор» қувва месанҷанд.
Тибқи низомномаи мусобиқа, 11 дастаи ғолиби гурӯҳҳо ва 4 дастаи беҳтарини ҷои дуюм ба бозиҳои финалии Чемпионати Осиё, ки аз 8 то 26 январи соли 2020 дар Таиланд мегузаранд, роҳхат мегиранд.
Дар сурати соҳиби ҷои аввал шудан ё ба қатори 4 дастаи беҳтарини зинаи дуюм ҷойгир шудани мизбони бозиҳо-дастаи мунтахаби Таиланд дастаи панҷуми беҳтарини ҷои дуввум ҳуқуқ пайдо мекунад, ки дар бозиҳои ниҳоӣ ширкат варзад.
Пас аз ҷамъбасти Чемпионати Осиё се дастаи беҳтарини қитъа ҳаққи ширкат дар Бозиҳои олимпии соли 2020-ро, ки дар Япония мегузаранд, пайдо менамоянд.
Чемпионати Осиё-2020 байни дастаҳои мунтахаби то 23-сола (U-23)
Бозиҳои интихобӣ
Гурӯҳи «F»: Ӯзбекистон (мизбон), Тоҷикистон, Ҳиндустон, Покистон.
Даври 1
22 март (ҷумъа)
15:00 – Тоҷикистон – Ҳиндустон. Варзишгоҳи «Локомотив»
17:00 – Ӯзбекистон – Покистон. Варзишгоҳи «Пахтакор»
Даври 2
24 март (якшанбе)
15:00 – Покистон – Тоҷикистон. Варзишгоҳи «Локомотив»
17:00 – Ҳиндустон – Ӯзбекистон. Варзишгоҳи «Пахтакор»
Даври 3
26 март
26 март (сешанбе)
15:00 – Ҳиндустон – Покистон. Варзишгоҳи «Локомотив»
17:00 – Ӯзбекистон – Тоҷикистон. Варзишгоҳи «Пахтакор»








Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад






