«Забони модарӣ-мероси фарҳангии соҳибзабонон». Дар Душанбе таҳти ин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир мегардад

Февраль 19, 2019 14:40

ДУШАНБЕ 19.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави супоришҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар мавриди пос доштани забони модарӣ ва бахшида ба Рӯзи байналмилалии забони модарӣ конференсияи  илмию амалии ҷумҳуриявӣ  доир менамояд.

Тавре аз Кумитаи мазкур ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд,  конференсия 21 феврали соли равон дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон»    таҳти унвони «Забони модарӣ-мероси фарҳангии соҳибзабонон»  баргузор хоҳад гашт.

Бояд ёдовар шуд, ки  ҳамасола 21 февралро ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун Рӯзи байналмилалии забони модарӣ таҷлил менамояд. Ин рӯз дар иҷлосияи 30-юми конфронси генералии ЮНЕСКО, ки 17 ноябри соли 1999 баргузор гардида буд, бо мақсади ҳифзи забонҳо ва фарҳангҳои гуногуни ҷаҳон эълон гардид.

Февраль 19, 2019 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад