Ҳафтаи омӯзиши забони фаъолияти вазоратҳои молия, адлия, саноат ва технологияҳои нав, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 13.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки аз 12 то 19 марти соли равон вазъи иҷрои муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дар фаъолияти баъзе аз вазорату идораҳо мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор диҳад.
Тавре аз Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар асоси талаботи банди 20-и Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 ва вазифаҳо барои соли 2019» аз 30 январи соли 2019 Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор гардидааст, ки риояи қатъии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, инчунин корхонаю муассисаҳо ва дигар ташкилот таъмин карда, ҷиҳати пешгирӣ намудани ҳолатҳои риоя нашудани меъёрҳои забони давлатӣ тадбирҳои зарурӣ андешад. Дар робита ба ин Кумита нақшаи чорабиниҳо таҳия намудааст.
Бо ин мақсад аз ҳисоби забоншиносони маъруфи ҷумҳурӣ, кормандони масъул ва мутахассисони ботаҷрибаи соҳа дар назди Кумита гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст. Онҳо тӯли як ҳафта иҷрои муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дар фаъолияти вазоратҳои молия, адлия, саноат ва технологияҳои нав, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор медиҳанд.
Ҳамзамон дар назар аст, ки 18-19 марти соли равон дар ин мавзӯъ семинари омӯзишӣ баргузор гардад.








Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид






