Ҳайати парлумонии Тоҷикистон дар Япония бо ноиби калони Президенти «JICA» мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 07.03.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Олим Салимзода дар Ҷумҳурии Япония бо Ноиби калони Президенти Агентии ҳамкории байналмилалии Япония хонум Сузукӣ Норико мулоқот намуд.
Дар ин бора котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дода, гуфт, ки дар мулоқот миёни ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сузукӣ Норико дар бораи робитаҳои дуҷонибаи кишварҳо, раванди баррасӣ ва татбиқи тарҳҳои муштарак бо саҳми Ҳукумати Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мубодилаи афкор сурат гирифт.
Ба иттилои манбаъ, роҳбари ҳайати парлумонии Тоҷикистон Олим Салимзода зимни изҳори сипос ба роҳбарияти «JICA» зарурати ҷалби бештари имкониятҳои дуҷонибаи истифоданашуда ба соҳаҳои муҳими Тоҷикистон ва дар маҷмӯъ, татбиқи босамари Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030-ро пешниҳод намуд.
Ҳамчунин ҳайати парлумонии Тоҷикистон бо аъзои Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Япония мулоқот намуд. Дар ҷаласа миёни аъзои Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии давлатҳо атрофи ҳамкории байнипарлумонӣ, зарурати таҳқими робитаҳо миёни намояндагони соҳаҳои гуногуни ду кишвар, мусоидати аъзо ба ҷалби сармояи мустақим ва дар зимн ривоҷи бахши хусусӣ, таъмини таҷҳизоти махсуси тиббӣ ба муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон, тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи туризм ва гардишгарии хориҷӣ, таъсиси марказҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид






