Бахшида ба Наврӯзи Аҷам дар шаҳри Норак мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини миллӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 18.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ифтихори таҷлили ҷашни ниёгонамон Наврӯзи хуҷастапай рӯзҳои 21-22 марти соли 2019 дар шаҳри Норак мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини миллӣ байни калонсолон баргузор мегардад.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар медиҳад, мусобиқаи мазкур дар доираи Тақвими ягонаи чорабиниҳои оммавию варзишӣ ва солимгардонию иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ барои соли 2019 роҳандозӣ карда шуда, он таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ баргузор мегардад.
Дар мусобиқаи мазкур паҳлавонон аз тамоми дастаҳои мунтахаби вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар иштирок намуда, беҳтаринҳо бо ҷоиза ва туҳфаҳои Кумитаи тадорукот сарфароз гардонида мешаванд.
Мавриди зикр аст, ки дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз аз ҷониби Кумита як зумра барномаҳои варзишӣ ба нақша гирифта шудаанд.








«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд






