Барномаи «Ганҷи сарзамин»-и Радиои «Ховар» мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва истироҳатии Тоҷикистонро муаррифӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 14.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Осоишгоҳи «Зумрад» яке аз мавзеъҳои фарҳангӣ ва шуҳратёри шаҳри Исфараи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, ним аср мешавад, ки дар хизмати меҳмонони дохилу хориҷ қарор дорад. Осоишгоҳи мазкур ба қабули беморону истироҳаткунандагон ҳанӯз соли 70-уми асри гузашта оғоз намуд.
Мавзеи «Зумрад» ба осорхонаи табиӣ шабоҳат дорад ва манзараи зебои қисми шаҳри Исфара ба шумор меравад. Ин мавзеъ бо табиати афсункору зебо, ҳавои софу беғубор, меваҳои шаҳдрез, дарахту буттаҳои ороишӣ, дарёи шӯхи кӯҳиву ҳавзҳои пуроб аз қадим манбаи сиҳативу омили табобат барои мардум будааст.
Ин навбат барномаи «Ганҷи сарзамин» дар радиои Ховар аз беназиртарин осоишгоҳи Тоҷикистон ба шумо маълумот медиҳад. Оё медонед, ки «Зумрад» аз ҷумлаи беҳтарин осоишгоҳ ва марказҳои бузурги табобатию ташхисӣ буда, то имрӯз 200 ҳазор нафар шаҳрвандонро солим гардонидааст?
Оё медонед, ки дар «Зумрад» беморон бо усулҳои парҳезшифоӣ, муми кӯҳӣ, нафтшифоӣ, варзишшифоӣ, лоиқаи шифобахш, обшифоӣ ва гиёҳшифоӣ табобат карда мешаванд?
Медонед, ки чашмаи «Оби Шифо»-и осоишгоҳи «Зумрад» бо роҳҳои гуногун барои табобати бемориҳои дилу рагҳо, асаб, узвҳои ҳозимаву ҳаракат, амрози занонаю пӯст ва ғайраҳо муваффақона истифода мешавад?
Пас, барномаи «Ганҷи сарзамин»-ро пагоҳ, 15 март, соати 9:30 ва такроран 16:30 аз радиои «Ховар» интизор бошед. Барномаи «Ганҷи сарзамин» ба хотири саёҳати хотирмон ва пешниҳоди маълумоти ҷолиби макону мавзеъҳои нодири мамлакат ба ифтихори Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ барои шумо таҳия мешавад.








Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид






