Беҳрӯз Хоҷазода дар шаҳри Екатеринбург медали биринҷӣ ба даст овард
ДУШАНБЕ, 18.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои 15-17 март дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Россия мусобиқаи байналмилалии Гранд Слам оид ба дзюдо баргузор шуд, ки дар он варзишгарони тоҷик ширкат карданд.
Дар ин бора корманди Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод. Зикр шуд, ки ин сеюмин мусобиқаи Гранд Слам аст, ки соли 2019 баргузор гардид. Паҳлавони маъруфи тоҷик Беҳрӯз Хоҷазода дар рӯзи дуюми мусобиқаи байналмилалии Гранд Слам оид ба дзюдо дар шаҳри Екатеринбурги Руссия сазовори медали биринҷӣ гардид.
Бояд зикр кард, ки Беҳрӯз Хоҷазода дар қувваозмоиҳо дар вазни -73кг бар варзишгарони Германия (Роберт Бервиг), Юнон (Ҷорҷиос Маркариан) ғалаба карда, дар даври сеюм аз варзишгари Шведсия Томми Макиас, ки ғолиби ин вазн гардид, мағлуб шуд. Беҳрӯз Хоҷазода дар идома бар Виктор Стерпу аз Молдова ва Эдуардо Барбоса аз Бразил дастболо шуда, ҷои сеюмро ишғол кард. Воқеан медали биринҷии Беҳрӯз аввалин медали дзюдочиёни тоҷик дар мусобиқоти Гранд Слам ва аввалин медали ӯ дар мусобиқоти байналмилалии дзюдо мебошад.
Сомон Маҳмадбеков – паҳлавони дигари тоҷик дар вазни -73 кг пас аз як ғалаба бар Ҳамсат Исоев аз Германия дар даври дуюм аз Фабио Басилеи итолиёӣ, ки медали нуқраро сазовор шуд, шикаст хӯрд.
Хотиррасон менамоем, ки варзишгарони мо Далер Қурбонҷонов ва Комрон Мамадназаров дар вазни -60кг миёни мардҳо, Шоҳида Қаландарова дар вазни -57кг миёни бонувон ва Саидҷалол Саидов дар вазни -100кг ва Шакармамад Мирмамадов дар вазни +100кг дар даври аввал аз ҳарифонашон мағлуб шуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар сеюмин мусобиқаи Гранд Слам 353 нафар варзишгарон (202 мард, 151 зан) аз 47 давлати дунё иштирок карданд.








«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Рамазон Ҷумаев ва Анӯшервон Назарзода соҳиби унвони қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Душанбе гардиданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад
Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Камолов дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё соҳиби медали тилло шуд
Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо варзишгарон-шиноварони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид






