Дар Душанбе ба шарафи ҷашни Наврӯз озмуни «Авто-Бону-2019» баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 04.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни «Авто-Бону-2019» баргузор менамояд.
Тавре аз Раёсати БДА ВКД ҶТ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, озмуни мазкур 16 марти соли равон, соати 10:00 дар автодроми автоматонидашудаи ба номи А.Турсунов, воқеъ дар километри 7-уми кӯчаи Садриддин Айнӣ баргузор мегардад.
Ба иттилои манбаъ, озмун аз рӯи 5 давр- «Варақаи боздид» — «Ман ва автомобилам» (ороиши автомобил), мусобиқаи «Донандагони ҚҲР», рондани автомобил дар автодром, «шарҳи қисмҳои автомобил» ва «намоиши ҳунарҳои мардумӣ» гузаронида мешавад.
Барои иштирок дар озмун хоҳишмандон метавонанд ба суроғаи Раёсати БДА, кӯчаи Ҷ.Расулов-69 ва ё бо телефонҳои зерин муроҷиат намоянд: 93-508-70-72, 235-79-85








Моҳи август «Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» баргузор мешавад
Дар шаҳри Душанбе мавсими нави хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрии «Red Bus Tours» оғоз гардид
«RED BUS TOURS». Имрӯз дар Душанбе мавсими нави хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрӣ оғоз мегардад
«RED BUS TOURS». Дар Душанбе мавсими хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрӣ оғоз мегардад
Дар Душанбе Ниммарафони байналмилалии «One run» баргузор шуд
Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе бо ҳайати шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе Рӯзҳои шаҳри Санкт-Петербург доир мегарданд
Дар Душанбе Озмуни шаҳрии «Оилаи беҳтарин» ҷамъбаст гардид
Муовини Раиси шаҳри Душанбе дар Конфронси байналмилалии ҳамкорӣ ва рушди бародаршаҳрҳои Чэнду-2026 иштирок намуд
Кумаки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокчии ҷанг аз Душанбе расонида шуд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба сохтмони якчанд иншооти нави мақомоти корҳои дохилӣ санги асос гузоштанд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар муаррифии 30 электробуси нави ширкати «Акиа Авесто автоматив индастри» иштирок намуданд






