Дар маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд Наврӯзи байналмилалӣ пуршукӯҳ таҷлил мешавад

Март 15, 2019 09:35

ДУШАНБЕ, 15.03.2019. /АМИТ «Ховар»/.  Бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани Наврӯзи байналмилалӣ шурӯъ аз 16 марти соли равон дар маҳаллаи Тути калон ва мувофиқи нақша, дар тамоми маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд барномаҳои наврӯзӣ бо пухтани суманак ҷараён мегиранд. Дар ин бора аз хадамоти Раиси шаҳри Хуҷанд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Интизор меравад, ки дар ин рӯзҳои наврӯзӣ дар маҳаллаҳои шаҳр ҳамчунин намоиши ҳунарҳои мардумӣ сурат гирад. Ҳамзамон маҳфилҳои шеъру суруд ва таронаву бадеҳагӯиҳои наврӯзӣ доир гардида, маҷмӯан маҳаллаҳоро фазои идона фаро хоҳад гирифт. Бояд зикр намуд, ки дар барномаҳо  намояндагони Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии шаҳр иштирок ва ҳозиринро табрик хоҳанд кард.

Ба иттилои манбаъ, дар маҷмӯъ 22 маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд то 25 марти соли 2019 барномаҳои наврӯзии хешро дар чойхона, идораи маҳалла, хонаҳои баландошёна ва дар яке аз кӯчаҳои ҳудуди маҳаллаҳояшон баргузор менамоянд.

Март 15, 2019 09:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид