Дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ ба ифтихори Наврӯзи байналмилалӣ маҳфили идона баргузор гардид

Март 13, 2019 09:15

ДУШАНБЕ, 13.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ бо ташаббуси якҷояи кишварҳои ҳавзаи Наврӯз маҳфили пуршукӯҳи Наврӯзи байналмилалӣ баргузор карда шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба  Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бино ба иттилои манбаъ, бо иқдоми Сафорати Тоҷикистон фарҳанги воло ва тамаддунофари тоҷикро дар ин маҳфил кормандони намояндагӣ, як гурӯҳ шаҳрвандони бурунмарзиамон ва ду ҳунарманди маъруфу машҳур — Қурбоналӣ Раҳмонов ва Давлат Назрӣ муаррифӣ намуданд.

Ҳунармандони варзидаи тоҷик бо ҳунари волои тоҷикона ва савту навои наврӯзӣ дили садҳо нафар ҳозирини ин маҳфили дилороро тасхир намуданд. Намоиши ҳунари волои онҳо иқдоми хубе буд барои ҷалби ҳаводорони суруду мусиқӣ ва фарҳанги зебои мардуми тоҷик дар ин кишвар бахшида ба Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ, ки баргузор намудани он имсол дар назар аст.

Дар майдони баргузории маҳфил ҳамчунин маҳсули дасти ҳунармандони тоҷик намоиш дода шуд, ки таваҷҷуҳи зиёди мардуми ҷамъшударо ба худ ҷалб намуд.

Ин маҳфили зебо ва муаррифии шоистаи Тоҷикистон барои афзун намудани шумораи сайёҳони араб ба кишвари биҳиштосои мо дар Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ заминаи мусоид гардид.

Март 13, 2019 09:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд
Пешгӯиҳои ҳарорат барои соли 2050 аз соли 2025 оғоз мегарданд
Коршиносони ИДМ лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Иттиҳодро мувофиқа намуданд