Гузоштани санги асоси Терминали автомобилии мусофиркашӣ дар шаҳри Бохтар

Март 23, 2019 10:19

ДУШАНБЕ, 23.03.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бо гузоштани санги асос ба бунёди терминали автомобилии мусофиркашӣ дар масоҳати 3 гектар оғози расмӣ бахшида, бо Лоиҳаи рушди нақлиёти ҷамъиятии вилояти Хатлон шинос гардиданд.

Аснои муаррифии лоиҳаи мазкур иттилоъ дода шуд, ки маблағи умумии пружа бештар аз 10 миллион доллари амрикоиро дар бар мегирад ва он дар доираи ҳамкориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд татбиқ хоҳад гардид.

Ҳадаф аз татбиқи ин лоиҳа ҷорӣ намудани хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятии дохилишаҳрӣ ва наздишаҳрӣ бо истифода аз автобусҳои наву замонавӣ барои аҳолӣ ва меҳмонони шаҳри Бохтар, Левакант ва ноҳияҳои Кушониёну Вахш, баланд бардоштани сифати хизматрасонии мусофиркашӣ, коҳиш додани ҳолати танбашавии нақлиёт дар роҳҳои мошингард ва беҳтар намудани вазъи экологӣ арзёбӣ карда шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо лоиҳа ва суҳбат бо масъулин ҷиҳати татбиқи ҳадафмандонаи пружа ва истифодаи пурсамари маблағҳои ҷалбгардида  таъкид доштанд.

Терминали автомобилии мусофиркашӣ дар қисмати ҷанубу ғарбии шаҳри Бохтар дар шоҳроҳи Бохтар – Кӯлоб сохта мешавад, ки дар танзими ҳаракати воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ ва осону сода гардидани рафту омади сокинону меҳмонон ба шаҳру ноҳияҳои атроф мусоидати фаъол хоҳад кард.

Тавре зикр рафт, бо иҷрои лоиҳаи мазкур ва бунёду мавриди истифода қарор гирифтани терминали замонавии автомобилии мусофиркашӣ дар маркази вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар имкон даст хоҳад дод, ки 150 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин ва ҷиҳати ҳали мушкилоти сокинону меҳмонони шаҳр хатсайрҳои нави ҳаракати воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ ба роҳ монда шавад.

Дар шаҳри Бохтар феълан 5 муассиса дар соҳаи нақлиёт амал намуда, шумораи умумии воситаҳои нақлиёт 5 ҳазору 522 ададро дар бар мегирад ва ҳамарӯза аз роҳҳои ҳудуди он садҳо нафар ронандагони автомошинаҳои гуногунтамға истифода мекунанд.

Иброз шуд, ки ворид намудани наздики 50 автобуси наву замонавӣ, ҷорӣ кардани низоми ҳамгироишудаи хариду фурӯши электронии билетҳою кортҳои мусофирбарӣ, ки дар самти беҳтар гардидани сифати хизматрасонӣ ба сокинону меҳмонон заминаи беҳтарин дониста мешаванд, аз қисматҳои асосии Лоиҳаи рушди нақлиёти ҷамъиятии вилояти Хатлон мебошанд.

Зимни муаррифии Лоиҳаи рушди нақлиёти ҷамъиятии вилояти Хатлон иттилоъ дода шуд, ки феълан дар доираи тадбирҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар таъмиру навсозии роҳҳои маҳаллию ҷумҳуриявӣ идома дошта, барои танзими ҳаракати воситаҳои нақлиёт шароити беҳтар фароҳам оварда мешавад.

Гузоштани санги асоси Терминали автомобилии мусофиркашӣ дар шаҳри Бохтар 23.03.2019

Март 23, 2019 10:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфт
Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев бо маҳсулоти корхонаҳои саноатии Ҷумҳурии Узбекистон дар маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе шинос шуданд
АМИТ «Ховар»: Намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Ҷумҳурии Узбекистон дар Маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе 3 рӯз идома меёбад
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон дар ифтитоҳи бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Узбекистон дар шаҳри Душанбе иштирок намуданд
Президентҳои Тоҷикистон ва Узбекистон дар барномаи фарҳангии арбобони санъати ду давлат бо номи «Дӯстии ҷовидон» иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаи гуфтушунидҳо бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Ба як гурӯҳ ҳунармандони Тоҷикистон ва Узбекистон мукофотҳои давлатӣ супорида шуданд
Санадҳои имзошуда байни Тоҷикистон ва Узбекистон табодул карда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёевро истиқбол гирифтанд
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон