Иштироки беш аз 25 ҳазор нафар дар Дави наврӯзӣ ва Марафони велосипедронӣ
ДУШАНБЕ, 16.03.2019/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 16 март бо иқдоми Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва дар ҳамкорӣ бо Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба ифтихори иди Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе Дави наврӯзӣ ва Марафони велосипедронӣ баргузор гардид.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар медиҳад дар чорабинӣ намояндагон аз тамоми сохторҳои давлатӣ фаъолона иштирок дошта, Дави наврӯзӣ ва Марафони велосипедрониро Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода ва муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ифтитоҳ бахшида, ба иштирокчиён барору комёбӣ таманно намуданд.
Дар Дав ва веломарофони имсола зиёда аз 25 ҳазор нафар фаъолона иштирок доштанд. Масири Марафони велосипедронӣ ва Дави наврӯзӣ аз маҳаллаи Чорбоғ оғоз ёфта, то Наврӯзгоҳ идома кард.
Ба ғолибон ва иштирокчиёни ин мусобиқаи варзишӣ диплому ифтихорномаҳои Кумитаи олимпӣ ва Кумитаи ҷавонон тақдим карда шуд.
Тавре зимни суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Дилноза Аҳмадзода изҳор намуд, «имрӯзҳо ин чорабиниҳои варзишӣ барои обу тоби бадан ва солимгардонии аҳолӣ дар сар то сари ҷумҳурӣ доир гашта истодааст, ки баргузории ингуна чорабиниҳо барои таъмини оммавияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ташвиқу тарғиби ҳаёти солим равона гардидааст».
Бояд зикр намуд, ки мусобиқаи мазкур бори дуввум дар шаҳри Душанбе дар сатҳи баланд гузаронида мешавад.
Дар чорабинӣ, аз он ҷумла кормандони АМИТ «Ховар» низ дар қатор дигар иштирокчиён ширкати фаъолона намуда, сазовори дипломи Кумитаи ҷавонон гардиданд.
Бояд гуфт, ки мусобиқаҳои варзишии мазкур бо мақсади иҷрои дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҷлили иди байналмилалии Наврӯз, таъмини оммавияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ташвиқу тарғиби ҳаёти солим доир гардиданд.
Ҳамчунин бояд ёдовар шуд, ки дар доираи тақвими ягонаи чорабиниҳои оммавию варзишӣ ва солимгардонӣ аз 21 то 22 марти соли равон дар шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини тарзи озод баргузор мегардад.


















НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад
Дар 4 ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ташкил карда мешавад
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни занону духтарон ҷамъбаст шуд
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Озмуни ноҳиявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид
«МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ». Дар Душанбе Рӯзи модарро ботантана таҷлил намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Маросими қадршиносии беҳтаринҳо дар соҳаҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе баргузор гардид
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамоиши идонаи фарҳангӣ – фароғатӣ доир шуд
УФУҚҲОИ ДӮСТӢ. Муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Боку тақвият меёбад






