Мубориза барои Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон шурӯъ гардид
ДУШАНБЕ, 18.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд бо ширкати 9 даста мусобиқаи байналмилалии Лигаи футболи Тоҷикистон шурӯъ гардид. Дар он дастаҳои «Хуҷанд»-и Хуҷанд, КМВА «Помир»-и Душанбе, «Панҷшер»-и Ҷалолиддини Балхӣ, «Истаравшан»-и Истаравшан, Кӯктош»-и Рӯдакӣ, «Хатлон»-и Бохтар, «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ва дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар се гурӯҳ ширкат доранд.
Дар рӯзи аввали бозиҳо дар гурӯҳи «А» «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо дастаи «Алга»-и Қирғизистон вохӯрда, бо натиҷаи 1:2 мағлуб гардид.
Дар бозии гурӯҳи «Б» «Истаравшан» бар «Регар-ТадАЗ» бо ҳисоби 4:2 пирӯзӣ ба даст овард. КМВА «Помир» дар гурӯҳи «С» бо натиҷаи 1:0 дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистонро ба мағлубият дучор кард.
Даври дуюми бозиҳо 19 март идома меёбад. «Хатлон» бо «Истаравшан», «Кӯктош» бо «Хуҷанд» ва КМВА «Помир» бо «Панҷшер» қувва месанҷанд.
Аз рӯи низомнома ду дастаи ҷои аввали натиҷаашон беҳтарини гурӯҳҳо дар вохӯрии ниҳоӣ бо ҳам қувва месанҷанд. Дастаи зинаи аввали нишондиҳандааш пасттар бо дастаи зинаи дуввуми нишондиҳандааш беҳтари гурӯҳҳо барои мақоми сеюм ва чорум, дастаҳои ҷои дуввуми натиҷаашон пасттар бо ҳам барои ҷои 5-ум ва 6-ум ва дастаҳои зинаи сеюм бо натиҷаи беҳтар барои ҷойҳои 7-ум ва 8-ум бо ҳам рақобат мекунанд.
Дар сурати мусовӣ анҷом ёфтани бозиҳо дар вохӯриҳои плей-офф барои муайян кардани ғолиб баъди вақти асосӣ зарбаҳои 11-метраи баъдибозӣ таъйин карда мешаванд.








Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад






