Наврӯзи имсола дар дили шаб ба Тоҷикистон ворид мешавад

Март 20, 2019 08:20

ДУШАНБЕ, 20.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имсол Наврӯзи байналмилалӣ ба қаламрави Тоҷикистон, ки ҳамчун ватани Наврӯз унвон мегардад, 21 март, соати 02:58 дақиқа ба вақти маҳаллӣ мерасад.

Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда Анварӣ директори  Институти астрофизикаи Академияи илмҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои физикаву техника Гулчеҳра Қоҳирова иттилоъ дод. Номбурда изҳор намуд, ки ҳар сол рӯзи 20 ё 21 март зоҳиран барои мушоҳидачӣ аз замин Офтоб аз байни нуқтаи эътидоли баҳорӣ аз нимкураи ҷанубӣ ба нимкураи шимолӣ мегузарад. Барои мо ин вақт ҳамчун Наврӯз машҳур аст.  Ҳамин тавр, Наврӯз, ки маънои «Рӯзи нав»-ро дорад, аз нуқтаи назари астрономия рӯзи эътидоли баҳорӣ мебошад.

Ба мо маълум аст, ки муддати як сол дар табиат чор фасл иваз мешаванд. Яке аз ин фаслҳо ин баҳор – вуруди Наврӯз аст, ки падидаи табиӣ ба ҳисоб рафта, тавассути илми астрономия дақиқ омӯхта шудааст. Ба нақли олимаи тоҷик, барои инсоният талаботи ҳисобкунии вақт дар давраи хеле қадим пайдо шудааст. Одамон фосилаҳои вақтро бо ҳодисаҳои такроршавандаи табиат муқоиса мекарданд. Масалан, тағйирёбии шабу рӯз воҳиди табиии шумораи вақт ба мисли шабонарӯз мебошад. Тағйирёбии фаслҳои сол ҳамчун воҳиди ҳисобкунии вақт истифода мешавад. Дар замонҳои хеле қадим, қариб 5 ҳазор сол пеш, одамият дар асоси мушоҳидаҳои визуалии (танҳо бо чашм) ситораҳо, сайёраҳо ва Офтоб давомнокии солро муайян мекард. Давомнокии солро дарк намуда, нуқтаи сарҳисоби онро минбаъд муайян карданд.

Ҳамин тавр, сарчашмаи илми астрономия аз чунин мушоҳидаҳо ва назарияҳо пайдо гардид. Тараққиёти чандинасраи илми астрономия доир ба ходисаҳои такроршавандаи табиат фаҳмонидани боэътимодро  таъмин намуд.  Ивазшавии шабу рӯз ба гардиши кураи Замин дар атрофи тири меҳвари худ вобаста аст ва тағйирёбии фаслҳои сол бо гардиши Замин дар атрофи Офтоб алоқаманд мебошад.

«Ҳамворие, ки кураи осмонро ба ду қисм тақсим мекунад — нимкураҳои шимолӣ ва ҷанубӣ ҳамвории экватори осмонӣ номида мешавад. Сайёраи Замин (ва дигар сайёраҳои калон) дар гирди Офтоб тавассути давраи дигар ҳаракат мекунанд, ки ҳамвории эклиптика ном дорад. Кунҷи байни ҳамвориҳои эклиптика ва экватор тақрибан 23 дараҷа мебошад. Аз ин лиҳоз ҳамвориҳо  ҳамдигарро дар ду нуқта бурида мегузаранд, ки онҳоро нуқтаи эътидоли баҳорӣ ва нуқтаи эътидоли тирамоҳӣ меноманд»,-гуфт Гулчеҳра Қоҳирова.

Мавсуф инчунин зикр кард, ки ҳар сол 20 ё 21 март Замин аз миёни нуқтаи эътидоли баҳорӣ аз нимкураи ҷанубии осмон ба нимкураи шимолӣ мегузарад. Фосилаи вақти байни ду гузашти пайдарҳамии Заминро аз миёни нуқтаи эътидоли баҳорӣ соли астрономӣ  меноманд. Бинобар ин, сарҳисоби соли нави астрономӣ аз ҳамин ҳодиса оғоз мегардад. Инчунин дар вақти гузаштани Замин аз байни нуқтаи эътидоли баҳорӣ баробаршавии давомнокии шабу рӯз (эътидол) ба вуҷуд меояд. Нуқтаи эътидоли баҳорӣ дар илми астрономия ҳамчун нуқтаи сарҳисоби вақт қабул карда шуд. Бинобар ин, тамоми олимон ва мутахассисони ҷаҳон мавқеи ҷирмҳои осмониро бо мутобиқ кардан ба ин лаҳзаи эътидоли баҳорӣ муайян менамоянд.

Дар зери таъсири ҷирмҳои дигари низоми офтобӣ тири меҳвари гардиши Замин дар фазо ҳаракати мураккаб мекунад. Аз ин сабаб нуқтаи эътидоли баҳорӣ аз рӯи эклиптика андак ҷой иваз мекунад.  Ин ҳодисаи тағйирёбии ҷойгиршавии нуқтаи эътидоли баҳориро астрономи Юнони қадим Гиппарх дар асри II пеш аз милод кашф карда буд, ки онро претсессия меноманд. Бинобар ин, лаҳзаи гузаштани нуқтаи эътидоли баҳорӣ ҳар сол ба 20 ё 21 март рост меояд.

Фаъолияти ҳаматарафаи инсон дар рӯи Замин ҳамеша ба ҳаракати Офтоб вобастагӣ дорад. Ва шак нест, фаъолияти меҳнатии одамон тибқи тақвим сурат мегирад. Тақвимҳо бар асоси ҳаракати Замин дар атрофи тири меҳвари худ ва дар атрофи Офтоб, инчунин ҳаракати Моҳ дар атрофи Замин ва ҳаракати якҷояи Замину Моҳтоб дар атрофи Офтоб тартиб дода мешаванд. Дар ин замина ба ҳамагон се намуди тақвим – қамарӣ, қамарӣ-шамсӣ ва шамсӣ маълуманд, ки дар Тоҷикистон тақвими шамсӣ ва қамарӣ мустақиман мавриди истифода қарор доранд.

Масалан, тақвими Миср, ки дар он ҷо як сол аз 365 шабонарӯз иборат аст, дар Эрон соли 632 мелодӣ аз тарафи Яздигурди III ҷорӣ шуда буд. Дар ин тақвим аввали сол аз рӯзи эътидоли баҳорӣ ҳисоб карда мешавад. Саҳми арзандаро дар инкишофи тақвим яке аз барҷастатарин симоҳои илм ва адабиёти форсу тоҷик, риёзидон, мунаҷҷим ва файласуф Ҳаким Умари Хайём гузоштааст. Барои Хайём ва шогирдони ӯ дар Исфаҳон бо дастури Ҷалолиддини Маликшоҳ соли 1076 расадхонаи астрономӣ сохта шуда буд. Таҳти роҳбарии Хайём дар расадхона машҳуртарин Зиҷи Маликшоҳ  тартиб дода шуд, ки мавқеи ситораҳои равшанро дар бар мегирифт. Вазифаи асосии муҳаққикон- ин мувофиқ кардани сарҳисоби сол  — Наврӯз ба лаҳзаи эътидоли баҳорӣ буд.

Барои ин падида ба ғайр аз солҳои одӣ, ки аз  365 шабонарӯз иборат ҳастанд, солҳои кабиса аз 366 рӯз дохил шуданд ва навбати истифодаи онҳо барои солшуморӣ муайян карда шуд. Хайём хеле дуруст ва дақиқ солшумориҳоро ба роҳ монд, ки то имрӯз инсоният аз он истифода мебарад. Хайём доир ба тақвим дар рисолаи хеш «Наврӯзнома» чунин менигорад: «Сабаби ниҳодани Наврӯз он аст, ки Офтобро ду давр бувад. Яке он ки ҳар сесаду шасту панҷ шабонарӯз рубъе аз шабонарӯз ба аввали дақиқаи бурҷи Ҳамал боз ояд, ба ҳамон вақту рӯз, ки рафта буд, бад-он дақиқа натавонад омадан, чи ҳар сол аз муддат ҳаме кам шавад».

Дар соҳаи илми астрономия ва кайҳоншиносӣ тамоми олимони дунё новобаста аз дину оин ва миллати хеш барои муайан намудани замону макони (координатаҳои) ҷирмҳои мунири осмон аз тақвими астрономӣ истифода мебаранд, ки дар он давомнокии сол дар асоси мушоҳидаҳо ва саҳеҳии вақт дақиқ муайан карда мешавад.

Наврӯз ин ҷашни соли нав аз рӯи тақвими шамсии астрономӣ барои мардуми Шарқ мебошад. Ин ҷашн анъанаи миллӣ буда, ба дин ягон вобастагӣ надорад. Наврӯз яке аз ҷашнҳои қадимтарин дар таърихи башарият мебошад, ки дар  Форс ва Осиёи Миёна аллакай то асри VII пеш аз мелод ҷашн мегирифтанд. Азбаски ҷашни Наврӯз дар замонҳои хеле қадим пайдо шудааст, давраи пайдоиши аслии он маълум нест. Наврӯз аз вожаҳои «нав» ва «рӯз» таркиб ёфта, «рӯзи нав»-ро ифода мекунад.

Март 20, 2019 08:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент
ИДОРАКУНИИ ПРЕЗИДЕНТӢ – шакли муассири идоракунии давлатӣ ва равнақбахши Тоҷикистони соҳибистиқлол
ПРЕЗИДЕНТИ ТАШАББУСКОР. Нақши Сарвари Тоҷикистон дар ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои оби тоза дар ҷаҳон беназир ва муассир аст
ТАШАББУСИ ШОИСТАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА. Дар ҳошияи пешниҳоди Президенти Тоҷикистон вобаста ба қабули қатъномаи махсуси СММ оид ба «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда»
ГЕОСТРАТЕГИЯ ВА ГЕОПОЛИТИКАИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Ба Рӯзи Президент бахшида мешавад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиш баргузор шуд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ гузаронида шуд