МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Аз заъфарон беш аз 300 номгӯй дору омода карда мешавад
ДУШАНБЕ, 25.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Заъфарон гиёҳест, ки дар соҳаи дорусозӣ васеъ истифода карда мешавад. Доруҳои аз заъфарон тайёршударо барои табобати беш аз 100 беморӣ тавсия медиҳанд. Дар таркибаш зиёда аз 300 номгӯй дору дида мешавад. Истеъмоли он барои бемориҳои дилу рагҳо, диабети қанд, муолиҷаи шуш ва бронхит, узвҳои дохилӣ ва системаи асаб ва харобшавӣ беҳтарин даво мебошад.
Барои ба даст овардани 1 килограмм маводи гули заъфарон садҳо ҳазор гули онро ҷамъоварӣ менамоянд.
Давраи гулкунии он вобаста ба навъҳояш баҳор ё тирамоҳ мебошад. Ранги гули заъфарон сурхи норинҷӣ ва кабуди гулобӣ мешавад. Парвариши заъфарон дар заминҳои кушод ва гулдонҳо тавсия дода мешавад.
Ба тавсияи гиёҳшиносон, дар шароити Осиёи Марказӣ, махсусан дар Тоҷикистон заъфаронро парвариш кардан мумкин аст. Ин растанӣ манфиатовар буда, аз ҷиҳати иқтисодӣ арзиши баланд дорад. Бинобар ин онро дар саноати фарматсевтӣ ва хӯрокворӣ ба таври васеъ истифода мебаранд.
Дар таркиби гули заъфарон 6,8 фоиз равған, 0,34 фоиз равғани эфирӣ,5,03 фоиз кислотаи фосфат, 8,6 фисад қанд, намаки калсий, витаминҳои В1, В2 ва дигар моддаҳои фаъоли биологӣ мавҷуд мебошанд. Миқдори об дар гули заъфарон ба андозаи 16,78 фоиз мебошад. Ҳамчунин дар барги гули заъфарон то 247,8 милиграмм витамини С дида мешавад.
Дар тибби муосир решаи гули заъфаронро ҳамчун доруворӣ истифода мебаранд. Дар таркиби он моддаҳои фаъоли биологӣ мавҷуд буда, фаъоляти кори меъда, ғадудҳои зери меъда ва талхарониро устувор мегардонад.
Дар таркиби растании заъфарон моеъи эфирӣ мавҷуд аст, аз ин лиҳоз он бӯи хуш дорад. Бинобарин заъфаронро бештар дар саноати доруворӣ, кошонаҳои ҳусн ва бештар дар саноати қаннодӣ ҳангоми пухтани хӯришҳо истифода мебаранд.
Ба тавсияи гиёҳшиносон, заъфарон хосияти зиддиилтиҳобӣ дошта, барои пешгирии рушди ҳуҷайраҳои саратонӣ кумак мерасонад. Истеъмоли он ба паст кардани фишори хун, холестерин ва беҳтар шудани гардиши хун кумак мерасонад. Инчунин он барои беҳтар кардани ранг ва саломатии пӯст истифода мешавад, зеро пӯстро равшан ва доғҳоро кам мекунад.
Чойи заъфарон чунин омода карда мешавад: 2-3 риштаи заъфаронро дар як стакан оби гарм ё шир гузошта, баъд аз 5-10 дақиқа онро бояд нӯшид. Ин чойро барои оромӣ ва беҳтар кардани системаи ҳозима нӯшидан мумкин аст.
Заъфаронро барои таъми хос ва рангаш дар палав, ширбиринҷ, шӯрбо ва дигар хӯрокҳо истифода мебаранд. Пеш аз истифода онро дар об ё шир чанд дақиқа тар мекунанд.
Тавсия дода мешавад, ки аз меъёр зиёд истифода бурдани заъфарон ба ҳаёти инсон зарар расонида, сабаби заҳролудшавии бадан мегардад. Дар як рӯз заъфаронро аз 5-7 ришта зиёдтар истифода бурдан мумкин нест. Пеш аз истеъмоли заъфарон бояд бо табибон машварат намуд.
Ин гиёҳ ва растанӣ дар ҷаҳон гаронарзиштарин ҳисобида мешавад, зеро он дар китоби “Рекордҳои Гиннес” сабт шудааст. Онро ба таври дастӣ ҷамъоварӣ мекунанд, илова бар ин, ҳосили ашёи хом хеле кам буда, ба 1 гектар 10 килограмм рост меояд. Аз ин рӯ заъфарон дар бозори ҷаҳонӣ арзиши гарон дорад.
Таҳияи Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








ҲИФЗУ ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИТТИЛОТИИ КӮДАКОН ДАР ДУНЁИ РАҚАМӢ. Чӣ гуна амнияти иттилоотии онҳоро таъмин намоем?
ҒИЗОИ СОЛИМ. Хушкмеваҳои Тоҷикистон манбаи бойи витаминҳо, минералҳо, антиоксидантҳо ва нахҳои хӯрокворӣ мебошанд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Истифодаи оқилонаи он барои рушди иқтисоди рақамии Тоҷикистон имконоти нав фароҳам меорад
«РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ». Барои Тоҷикистон ин дастоварди дипломатӣ ва масъулияти бузург аст
20 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТОЗАГӢ. Маданияти шаҳрнишиниро риоя бояд кард!
ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪИИ БЕХАТАР ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ: 35 соли дӯстӣ ба сӯи шарикии оянда
ТОҶИКИСТОН ВА КОРЕЯ — ДАР МАСИРИ НАВИ РУШДИ МУНОСИБАТҲОИ БАЙНИДАВЛАТӢ. Сафари расмӣ бо натиҷаҳои арзишманд
ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ — ПАЙВАНДГАРИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Андешаҳо оид ба Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – «Пайванд»
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ПАЙВАНДГАРИ ТОҶИКОН ВА ФОРСИЗАБОНОН. Дар ҳошияи китоби Президенти Тоҷикистон «Забони миллат – ҳастии миллат»
ЗЕҲНИ СУНЪӢ ДАР АМНИЯТИ КИБЕРӢ. Андешаҳо оид ба имконот ва таъсири он ба мудофиаи киберӣ
ТАТБИҚИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ДАР ШАРОИТИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо дар ин маврид






