МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли биринҷ ҷисми инсонро фарбеҳ менамояд
ДУШАНБЕ, 19.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ба тавсияи ғизошиносон, истеъмоли биринҷ меъдаро қувват мебахшад, ҳангоми қабзият муфид буда, бӯйи нохуши даҳонро нест мекунад. Истеъмоли он ҷисмро фарбеҳ карда, барои пешгирии иллати гурдаву масона муфид аст.
Дар таркиби биринҷ карбогидратҳо, сафеда, равған, оҳар, аминокислотаҳо, витаминҳои Е, В1, В2, В6, В15 ва микроунсурҳо мавҷуд мебошанд.
Олимон аз рӯйи шакл онро ба се навъ ҷудо намуданд. Яъне, дарозрӯяи паҳн, дарозрӯяи борики тунук, гирда. Сифати биринҷро дар асоси дараҷаи намнокӣ, миқдори омехтаҳо ва макони парвариши он муайян мекунанд. Биринҷ ба ҳисоби миёна 14 фоиз об, 75,2 фоиз карбогидрат (асосан крахмал), 7,7 фоиз сафеда, 0,4 фисад равған ва ғайраро доро мебошад.
Истеъмоли биринҷ дар як сол ба як нафар дар Тоҷикистон аз 12 то 17 килограмм рост меояд.
Дар тибби қадим биринҷро ба сифати ғизои парҳезӣ ва даво истифода мебурданд. Шӯлае, ки аз орди биринҷ дар шарбати харбуза пухта шудааст, доғи кунҷидакро меравонад.
Дар китоби «Махзан-ул-адвия» омадааст, ки биринҷ хосияти хуби хобоварӣ дорад, ташнагиро мешиканад, исҳолро бозмедорад, ҷисмро фарбеҳ мекунад, ҳангоми иллати гурдаву масона муфид аст. Истеъмоли биринҷ дар таом ба ранги рӯй тароват мебахшад.
Табибони халқӣ ҷӯшидаи омехтаи биринҷ ва лӯбиёро барои муолиҷаи бронхит ва диққи нафас истифода мебаранд. Биринҷ шири синаро зиёд мекунад. Ҷӯшидаи он барои муолиҷаи бемориҳои музмини узвҳои ҳозима муфид буда, дар омехтагӣ бо пудинаву пиёз чун давои арақовар, позаҳр ва табшикан дар мавриди зуком ва илтиҳоби шуш нафъ дорад.
Агар онро бо шакар бихӯранд, қувваташ бисёр мегардад ва баданро фарбеҳ месозад. Аз рӯи баъзе хусусияти фоидабахшӣ барои бемории сил муфид мебошад.
Дар тибби муосир истеъмоли биринҷ ва шӯлаҳои гуногуни биринҷиро ҳамчун ғизои парҳезӣ тавсия медиҳанд. Инчунин он барои муолиҷаи бемории дарунрав бештар маслиҳат дода мешавад.
Табибон шифобахшии биринҷро таъкид намуда, хӯрдани онро барои рафъи чандин бемориҳо тавсия медиҳанд. Ба андешаи онҳо, истифодаи мунтазами биринҷ хавфи гирифтор шудан ба бемории саратон, яъне омоси рӯдаро камтар мекунад.
Таҳияи Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Конститутсияи Тоҷикистон меъёрҳои рафтор, ҳуқуқу уҳдадориҳо ва масъулияти шаҳрвандиро муқаррар менамояд
Конститутсияи Тоҷикистон барои ҳифзи табиат ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ заминаи ҳуқуқӣ ва бунёдӣ фароҳам овард
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Исломиддин Раҳмон: «Омӯзиши Конститутсия ба баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ мусоидат менамояд»
Дилором Абдураҳимзода: «Занон дар таҳкими ҳокимияти судӣ ва таъмини адолати судӣ саҳми арзанда мегузоранд»
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид






