«NAVRUZ MUBORAK!». Бо чунин суханон роҳбарияти ИМА ҳамаи таҷлилкунандагони Наврӯзро табрик гуфтанд

Март 22, 2019 13:22

ДУШАНБЕ, 22.03.2019./АМИТ «Ховар»/.  «Ҳамаи таҷлилкунандагони Наврӯз-қадимтарин ҷашн дар рӯи Заминро дар Иёлоти Муттаидаи Амрико ва дар саросари олам самимона табрик менамоям», — гуфт 20 марти соли 2019 Президенти ИМА Доналд Трамп дар  паёми шодбошӣ ба муносибати Соли нави тоҷикӣ-форсӣ.  Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба ShareAmerica хабар медиҳад.

Наврӯз-рӯзи аввали соли тақвими форсӣ, рӯзи муқаддас барои зардуштиҳо ва баҳиҳо, инчунин ҷашни миллӣ дар Эрон, Тоҷикистон, Афғонистон ва  дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад.

Онро дар бисёр минтақаҳои Қафқоз, дар Балкан, инчунин дар Осиё Ғарбӣ низ таҷлил мекунанд.

«Наврӯз барои бисёр одамон дар Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ, махсусан дар Эрон беҳтарин фурсат барои шукргузорӣ ва ҷашнгирист, то ки бо ҳам ҷамъ омада, бо ҳисси нави хушбин соли рафтаро гусел ва баҳорро пешвоз гираннд», — гуфт президент.

Наврӯз моҳи март, дар рӯзи эътидоли баҳоронаи шабу рӯз, ҳангоме, ки офтоб дар хати экватори Замин қарор мегирад ва шабу рӯз баробар мегарданд, фаро мерасад. Имсол дар ИМА эътидоли баҳоронаи шабу рӯз 20 март  ба амал меояд.

Котиби давлатии ИМА Майк Помпео низ онҳоеро, ки Наврӯзро таҷлил менамоянд, бо таманниёти нек шодбош намуд. «Аз номи мардуми Амрико таҷлилкунандагони Наврӯзро дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Эрон ва тамоми ҷаҳон самимона табрик менамоям. Бигзор Соли нав пур аз эҳё, саломатӣ ва шукуфоӣ бошад. Наврӯз муборак!».

Дар баробари ин, тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ҷашни байналмилалии Наврӯзро 16 март дар бинои Сафорати ИМА дар Тоҷикистон низ таҷлил намуданд. Дар ин маросим Сафри ИМА дар Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм ва ҳамсари ӯ ширкат варзиданд (ДАР АКС).

Март 22, 2019 13:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд
Пешгӯиҳои ҳарорат барои соли 2050 аз соли 2025 оғоз мегарданд
Коршиносони ИДМ лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Иттиҳодро мувофиқа намуданд