ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш мешавад
ДУШАНБЕ, 18.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои бебориш дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 7-12 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 13-18 ва рӯзона аз 0-5 то 1-6 дараҷа сард мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 6-11 ва рӯзона 20-25 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 0-5 дараҷа сард шуда, рӯзона 5-10 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 9-14 ва рӯзона 23-28 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 5-10 ва рӯзона 17-22 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 7-12 ва рўзона 18-23 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кўҳӣ ҳаво шабона 0-5 дараҷа гарм шуда, дар баъзе ноҳияҳо то 0-5 дараҷа сард мешавад. Рўзона ҳаво 6-11 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар шаҳри Душанбе бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 9-11 ва рӯзона 21-23 дараҷа гарм мешавад.








Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад






