Парлумони Тоҷикистон лоиҳаи Қонун «Дар бораи ассотсиатсияи истифодабарандагони об»-ро баррасӣ намуд

Март 18, 2019 16:40

ДУШАНБЕ, 18.03.2019/АМИТ «Ховар»/. Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ассотсиатсияи истифодабарандагони об» дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии Парлумони мамлакат, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров доир гардид, баррасӣ шуд.

Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба  масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода  зимни тавзеҳи масъала гуфт, ки дар моддаи 1 лоиҳаи қонун мафҳумҳои «иншооти гидротехникии минтақаи хизматрасонии ассотсиатсияи истифодабарандагони об», «тарифи хизмати обрасонӣ», матни моддаҳои 3 ва 6, қисми 3 моддаи 8, қисми 1 моддаи 12 такмил дода шуданд. Дар моддаи 15 ҳуқуқ ва уҳдадориҳои истифодабарандагони дигари об пешбинӣ карда шудаанд. Инчунин матни лоиҳаи Қонун ба талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа карда шудааст.

Аъзои Шӯро ҳамчунин лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот»,  «Дар бораи боҷи давлатӣ», Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба кодексҳои  андоз ва гумрукро баррасӣ намуданд.

Зикр гардид, ки  масъалаҳои матраҳгардида барои  баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ нигаронида шудаанд.

Март 18, 2019 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид