Парлумони Тоҷикистон лоиҳаи Қонун «Дар бораи ассотсиатсияи истифодабарандагони об»-ро баррасӣ намуд
ДУШАНБЕ, 18.03.2019/АМИТ «Ховар»/. Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ассотсиатсияи истифодабарандагони об» дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии Парлумони мамлакат, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров доир гардид, баррасӣ шуд.
Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода зимни тавзеҳи масъала гуфт, ки дар моддаи 1 лоиҳаи қонун мафҳумҳои «иншооти гидротехникии минтақаи хизматрасонии ассотсиатсияи истифодабарандагони об», «тарифи хизмати обрасонӣ», матни моддаҳои 3 ва 6, қисми 3 моддаи 8, қисми 1 моддаи 12 такмил дода шуданд. Дар моддаи 15 ҳуқуқ ва уҳдадориҳои истифодабарандагони дигари об пешбинӣ карда шудаанд. Инчунин матни лоиҳаи Қонун ба талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа карда шудааст.
Аъзои Шӯро ҳамчунин лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот», «Дар бораи боҷи давлатӣ», Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба кодексҳои андоз ва гумрукро баррасӣ намуданд.
Зикр гардид, ки масъалаҳои матраҳгардида барои баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ нигаронида шудаанд.








Намояндагони парлумонҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои таъмини амнияти об, иқлим ва ҳифзи муҳити зистро баррасӣ карданд
Дар доираи Форуми чоруми байнипарлумонӣ ҷаласаи «Ҳамгироии иқтисодӣ, рушди устувор ва тавсеаи шарикии минтақавӣ» баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Курултайи Ҷумҳурии Қазоқистон Айбек Дадебай мулоқот намуданд
Дар Тоҷикистон Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Душанбе Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ бо шоҳкориҳои Театри миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова мулоқот намуданд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунёгузел Гулманова вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Пешниҳодҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори ИДМ дастгирӣ ёфтанд
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






