РӮЗИ МАТБУОТИ ТОҶИК МАРОТИБАИ 25-УМ ТАҶЛИЛ МЕГАРДАД. Ба ин муносибат дар Китобхонаи миллӣ ҳамоиши илмӣ-оммавӣ доир карда мешавад
ДУШАНБЕ, 05.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Тавре ҳамагон медонанд, ҳамасола ҷомеаи журналистии тоҷик иди касбии худро 11 март- рӯзи нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ-«Бухорои шариф» таҷлил менамояд. Рӯзи матбуоти тоҷик дар замони Шӯравӣ 5 май-рӯзи нашри нахустшумораи рӯзномаи «Правда» таҷлил мегардид. Соли 1994, пас аз соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон Парлумони мамлакат 11 мартро чун Рӯзи матбуоти тоҷик ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ворид намуд.
Ба ифтихори Рӯзи матбуоти тоҷик бо ташаббуси шуъбаи матбуоти даврии Китобхонаи миллии Тоҷикистон 6 март, соати 14-00 дар ошёнаи 3-юми Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Матбуоти даврӣ-ҳифзкунандаи таърих ва фарҳанги миллат» ҳамоиши илмӣ-оммавӣ доир мегардад.
Дар назар аст, ки дар ҳамоиш муҳаққиқони соҳа ва рӯзноманигорон дар мавзӯъҳои «Аз таърихи таъсиси матбуоти форсӣ-тоҷикӣ», «Мушкилоти саводи расонаӣ-иттилоотӣ дар Тоҷикистон», «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди пажӯҳишоти илмӣ дар соҳаи матбуоти миллӣ» маърӯза ва муҳокимаронӣ намоянд.
Агар ба таърихи матбуот нигарем, мебинем, ки барои таъсис ва ҷолибу пурмуҳтаво рӯи чоп омадани аввалин рӯзномаву маҷаллаҳо равшанфикрони миллат, ба мисли устодон С. Айниву А. Лоҳутӣ ва дигарон заҳмати зиёд кашидаанд.
Имрӯз дар майдони матбуоти кишвар беш аз 600 рӯзномаю маҷаллаи давлатӣ, хусусӣ, ҷамъиятӣ, соҳавӣ ба нашр расида, бо инъикоси мавзӯъҳои гуногун дар самти огоҳию камолоти маънавии мардум ва пешрафти хоҷагии халқи мамлакат саҳми босазо мегузоранд.
Дар ин росто шуъбаи матбуоти даврии Китобхонаи миллии Тоҷикистон бойгонии азими нашрияҳои даврӣ ба шумор рафта, ҳамарӯза ба беш аз ҳазор нафар хонандагон хизмат мерасонад. Кормандони шуъба талош доранд, ки фаъолияташонро дар сатҳи дуруст ба роҳ монда, ба хонандагон хизмати босифату пурсамар расонанд.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад






