Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов узви Маҷлиси миллӣ интихоб гардид

Март 4, 2019 16:02

ДУШАНБЕ, 04.03.2019/АМИТ «Ховар»/. Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов  аз ҳавзаи интихоботи бисёрмандатии ВМКБ  №1 узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

Дар ин росто, масъалаҳои бақайдгирӣ ва тасдиқи ваколати узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази узви хориҷшуда аз ҳавзаи интихоботи бисёрмандатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон №1  дар ҷаласае, ки имрӯз дар Душанбе таҳти роҳбарии раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Бахтиёр Худоёрзода  доир гардид, баррасӣ шуданд.

Дар ҷаласа зикр шуд, ки  дар ҳавзаи мазкур интихоботи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази узви хориҷшуда баргузор гардид. Дар ин росто КМИР тибқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва протоколи ҷамъбасти натиҷаи интихобот дар ҳавзаи интихоботи бисёрмандатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон №1 интихоботи мазкурро баргузоргардида ҳисобида, Ёдгор  Файзовро бо гирифтани аксарияти овозҳои вакилони интихобкунандаи маҷлисҳои вакилони халқи ВМКБ ва шаҳру ноҳияҳои он узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихобгардида ҳисобида, ба қайд гирифт ва ваколати ӯро тасдиқ намуд.

Март 4, 2019 16:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид