РАСМИ ХУБИ ТОҶИКОН. Сокинони Норак дар ҷашни Наврӯз зиёда аз даҳ ҳазор нафарро дар хонаҳояшон меҳмондорӣ менамоянд
НОРАК, 14.03.2019 /АМИТ «Ховар»/. Сокинони шаҳри Норак дар рӯзҳои ҷашни Наврӯзи Аҷам зиёда аз даҳ ҳазор нафар меҳмонони ҷумҳуриро дар хонаҳои худ пазироӣ менамоянд.
Корманди бахши САҲШ-и шаҳри Норак Фарзона ЛУТФУЛЛОЗОДА дар робита ба ин ба хабарнигори минтақавии АМИТ “Ховар” Субҳониддин МАҲМУД чунин иброз намуд: «Сокинони шаҳри мо бо меҳмоннавозӣ маъруфанд. Дар ҷашни Наврӯзи имсола, ки бори аввал бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак баргузор мегардад, мо, сокинони шаҳр даҳ ҳазор нафарро дар хонаҳои худ меҳмондорӣ менамоем. Барои ин дар шаҳр корҳои омодагӣ, бунёдкорию созандагӣ, таҷдиду навсозии иншоот ба пешвози иди ниёгонамон рӯз аз рӯз вусъат ёфта, ҳамагон талош бар он доранд, ки ин ҷашни байналмилалиро бо дастоварду комёбиҳои назаррас пешвоз бигиранд».
Ёдовар мешавем, ки имсол ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Норак баргузор мегардад. Айни замон тамоми хурду бузурги шаҳр барои дар сатҳи баланд баргузор намудани ҷашни Наврӯзи Аҷам ба созандагию бунёдкорӣ ва гулпӯш намудани маркази шаҳр машғул мебошанд.








Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд






