6 АПРЕЛ – РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ВАРЗИШ. Он қосиди сулҳ, гарави саломатӣ ва воситаи беҳтарини муаррифии давлату миллат мебошад

Апрель 6, 2019 09:02

ДУШАНБЕ, 06.04.2019 /АМИТ «Ховар»/.  23 августи соли 2013  Ассамблеяи  Генералии Созмони  Милали Муттаҳид  қарор қабул намуд, ки  ҳамасола 6 апрел Рӯзи байналмилалии варзиш ҷашн гирифта шавад.

Мақсад аз қабули ин рӯз тарғиби тарзи ҳаёти солим, оммавӣ гардонидани варзиш ва ба ин восита ба ҳам овардани ҷавонону наврасон мебошад.  Варзиш   яке аз воситаҳои муҳими ҳифзу таҳкими  саломатии аҳолӣ, қосиди сулҳу субот, омили ташаккулдиҳандаи неруву тавоноии инсон  ва инъикоскунандаи  симои халқу миллат  дар арсаи ҷаҳон  мебошад. Он дар ҳаёти ҳар як нафар  аҳамияти аввалиндараҷа дошта, пайваста байни мардум  тарғибу ташвиқ мешавад. Варзиш воситаи беҳтарини муаррифӣ намудани давлату миллат ба ҳисоб меравад. Мардуми  мо ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ҳамчун воситаи муҳими беҳдошти саломатӣ ва ташаккули ҷисмониву маънавӣ ҳанӯз аз замонҳои қадим майлу рағбати зиёд доштанд.

Ба гуфтаи муовини сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Абдулло Маҳмадализода, соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, он маҳз ба хотири таъмини оммавияти варзиш, таҳкими тарзи ҳаёти солим, мусоидат намудан ба омодакунии варзишгарони касбии тоҷик барои иштирок дар мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла мусобиқаҳои квалификатсионӣ ба ҳисоб меравад.

Бо ифтихор метавон зикр намуд, ки имрўзҳо варзишгарони тоҷик дар қатори ҳазорон шаҳрвандони бонангу номуси Тоҷикистон дар ин соҳа хизматҳои шоиста намуда, баҳри баланд гардидани нуфузу эътибор ва шарафи Ватани азизамон саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Мавриди зикр аст, ки яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар маҳз соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш маҳсуб ёфта, он ба хотири таъмини оммавияти варзиш, таҳкими тарзи ҳаёти солим, мусоидат намудан ба омодакунии варзишгарони касбии тоҷик барои иштирок дар мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.

Дар масири таърих варзиш рукни муҳими ҳаёти ҳаррӯзаи ҳар як фарди миллати тоҷик арзёбӣ гардида, он дар баробари тақвият бахшидани қувваи ҷисмонӣ барои наврасону ҷавонон ҳамчун майдони мукаммалгардонии неруи зеҳнӣ ва хислатҳои наҷиби инсонӣ хизмат менамояд. Яке  аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат маҳз соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш маҳсуб мешавад. Он  ба хотири таъмини оммавияти варзиш, таҳкими тарзи ҳаёти солим, мусоидат намудан ба омодакунии варзишгарони касбии тоҷик барои иштирок дар мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ нигаронида шудааст.

Имрӯз  бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ, хусусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ соҳаи варзиш рушд ёфта, варзишгарон пайваста дастгирӣ мешаванд. То имрӯз  сохтмони иншооти варзишӣ дар ҷумҳурӣ  бомаром идома дорад.

Бояд гуфт, ки ҳар ҳафта рӯзи шанбе дар ҷумҳурӣ бо мақсади тарзи ҳаёти солим «Рӯзи варзиш ва солимгардонӣ» гузаронида мешавад. Дар қаламрави мамлакат бо мақсади ҷалби бештари аҳолӣ ба таҳкими тарзи ҳаёти солим таҳти унвони «Зебоӣ, тавоноӣ ва доноӣ аз варзиш аст» машқҳои пагоҳирӯзӣ  дар боғҳои С.Айнӣ, ҷавонон, Парчами давлатӣ, Дӯстии халқҳо, назди шаршараи Наврӯзгоҳи пойтахт, майдончаҳои варзишӣ, боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва мавзеъҳои барҳаво бо иштироки кормандони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, наврасону ҷавонон, варзишгарону дӯстдорони варзиш доир карда мешаванд.

Апрель 6, 2019 09:02

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд