БЕҲТАРИН КАДБОНУИ ДУШАНБЕ. Сокини ноҳияи Исмоили Сомонӣ Марҷона Ғуломова дар ҷамъбасти озмуни шаҳрӣ сазовори ҷойи аввал гардид
ДУШАНБЕ, 06.04.2019./АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар назди «Нонпазхона»-и ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт маросими ҷамъбасти озмуни «Кадбону беҳтарин» дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Бонуи ҳунарманд аз ноҳияи Исмоили Сомонӣ Марҷона Ғуломова соҳиби ҷои аввал ва ғолиби озмун дониста шуд. Кадбонуи чирадаст аз ноҳияи Шоҳмансур Марҷона Бозорова ҷойи дуюм ва ҳунарманди ноҳияи Сино Ятимова Гулҷаҳон ҷойи сеюмро ишғол намуданд.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар озмуни мазкур беҳтарин кадбонуҳо аз чор ноҳияи пойтахт, ки дар даври ноҳиявӣ ба гирифтани ҷойҳои аввал ноил гардиданд, иштирок намуданд. Довталабони озмун барои баҳо додан ба ҳунарашон таомҳои миллӣ, аз ҷумла, шакароб, қурутоб, фатирмаска, оши бурида, туппа, далда, суманак, почашӯрбо, дангича, инчунин маҳсулоти нонӣ -қатмол, фатир, чагалдак, фатири қат-қат, чаппотӣ, кулчаҳои калону майда, гирдача ва ғайраҳоро тайёр намуда, пешкаши иштирокдорон гардониданд.
Дар маросими супоридани мукофот ба ғолибони озмун муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ иброз дошт, ки ин озмун бо мақсади иҷрои Нақшаи баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 тасдиқ гардидааст ва ҷиҳати иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 1 апрели соли равон роҳандозӣ мешавад.
Номбурда ҳамчунин иброз дошт, ки «баргузор намудани чунин озмунҳо хеле муҳим аст, то ки ҷавонону наврасони мо аз ҳунармандони беҳтарин нозукиҳои ин ҳунарро омӯзанд ва ба пухтупаз муҳаббат пайдо кунанд. Моро зарур аст, ки ин ҳунарро, ки аз гузаштагони хеш ба мерос гирифтаем, ба насли нав омӯзем, то онҳо ба умқи фаромӯшӣ нараванд. Баргузор намудани чунин озмунҳо барои эҳё ва рушди ҳунарҳои қадимаи тоҷикон мусоидат менамояд».
Дар аввал кадбонуҳои беҳтарин, ки берун аз озмун дар он иштирок доштанд ва дар баргузории ин маърака фаъолнокӣ нишон доданд — Фариштамоҳ Ашурова ва Зулайхо Ҳакимова бо «Сипоснома» -и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дигар туҳфаҳо сарфароз гардиданд.
Сипас маросими супоридани мукофтотҳо ба ғолибони озмун сурат гирифт.
Сокинону меҳмонони пойтахт аз маҳсулоти пешниҳоднамудаи ҳунармандон тановул намуда, ба маҳорати баланди кадбонугии онҳо баҳо баланд доданд.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»


















Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд






