Дар Душанбе дар хатсайрҳои автобусии №6 ва №11 пардохти ҳаққи роҳкиро пурра тариқи кортҳои электронии нақлиётӣ ба роҳ монда мешавад
ДУШАНБЕ, 08.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони пойтахт мерасонад, ки шурӯъ аз 12 апрели соли 2019 дар хатсайрҳои автобусии №6 (Бонки миллӣ – маҳаллаи Чортут) ва №11 (мактаби №61 – бозори «Балх») пардохти ҳаққи роҳкиро пурра тариқи кортҳои электронии нақлиётӣ ба роҳ монда мешавад.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ин амал бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба мусофирон роҳандозӣ мегардад.
«Шаҳрвандон метавонанд кортҳои электронии роҳкироро аз терминалҳо, нуқтаҳои фурӯши маҷаллаву рӯзномаҳо ва ронандагони автобусҳо дастрас намоянд», — иттилоъ дод манбаъ.
Мавриди зикр аст, ки шурӯъ аз 1 апрели соли гузашта дар нақлиёти мусофирбари автомобилии истифодаи умуми шаҳри Душанбе — автобусу троллейбус пардохти роҳкиро пурра ба шакли ғайринақдӣ, дар айни замон ба воситаи корти ягонаи «Cityсard» ба роҳ монда шудааст.
Ёдовар мешавем, ки дар ҳолати аз ҷониби мусофирон харидани корт барои 50 ва зиёда аз он сафар тариқи кортҳои пластикии нақлиётӣ дар автобус ва троллейбус барои донишҷӯён 30 фоиз, барои дигарон 15 фоиз тахфиф пешниҳод мешавад.








РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе оид ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
ДУШАНБЕ — ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН. Таҳти ин унвон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ баргузор шуд
35 ШОҲКОРӢ ДАР ДУШАНБЕ. Дар даврони соҳибистиқлолӣ пойтахти Тоҷикистон ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа табдил ёфт
«БУРҶИ ДУШАНБЕ» — 77 ОШЁНА ВА 340 МЕТР БАЛАНДӢ. Сохтмони баландтарин иншоот дар пойтахти Тоҷикистон оғоз гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимро ифтитоҳ намуданд
Имсол кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров мавриди истифода қарор дода мешавад
Шумораи воситаҳои нақлиёти мусофирбар дар шаҳри Душанбе 20 фоиз зиёд карда шуд
ДУШАНБЕИ ИДОНА. Дар пойтахти Тоҷикистон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ омодагӣ мегиранд






