ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 13 апрел, шанбе, 103-юмин рӯзи соли 2019 аст

Апрель 13, 2019 08:15

13 апрели соли 2015 дар шаҳри Сеул Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Парлумони Ҷумҳурии Корея Чон Йихва мулоқот намуданд.

***

Дар ин рӯз, 13 апрели соли 2016 дар Душанбе  ҷаласаи даҳуми Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба мавзӯи «Муколамаи миллӣ оид ба захираҳои об дар самти идоракунии захираҳои обии Идоракунии ҳамгирои захираҳои об (ИУВР)  дар Тоҷикистон дар доираи Ташаббуси Иттиҳоди Аврупо оид ба об» баргузор шуд.

13 АПРЕЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи умумиҷаҳонии рок.

***

Дар Тайланд- Соли нав.

 РӮЙДОДҲО:

13 апрели соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон бо донишҷӯёни тоҷики дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Корея таҳсилкунанда мулоқот намуданд.

***

13 апрели соли 2000 «Хонаи савдои Тоҷикистону Беларус» ифтитоҳ гардид.

***

Дар ин рӯз, 13 апрели соли 2003 дар Душанбе нишасти Шӯрои Хазинаи байналмилалии наҷоти баҳри Арал доир гардид.

***

12 сол қабл, 13 апрели соли 2007 дар шаҳри Душанбе бахшида ба 15-умин солгарди барқароршавии муносибатҳои дипломатии миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Америка бо иштироки муовини ёвари Котиби давлатии ИМА Эвана Фейгенбаума конфронс таҳти унвони «Имрӯз ва ояндаи муносибатҳои Тоҷикистону Америка» баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 1814 дар Донишгоҳи Гиссенс писарбачаи 13-сола Карл Витте унвони номзади илмҳои фалсафиро соҳиб гашт, ки дар илми ҷаҳонӣ ҷавонтарин олим маҳсуб меёбад.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1925 кушодашавии аввалин ҳавопаймои боркаш ба самти   Детрой — Чикаго (ИМА) ифтитоҳ ёфт.

***

Соли 1902 дар Петербург озмоиши нахустин троллейбус дар Россия доир гардид.

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад

Апрель 13, 2019 08:15

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 феврал, душанбе, 54-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 феврал, якшанбе, 53-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 феврал, шанбе, 52-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 феврал, панҷшанбе, 50-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 феврал, чоршанбе, 49-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 феврал, сешанбе, 48-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 феврал, душанбе, 47-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 феврал, якшанбе, 46-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 феврал, шанбе, 45-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 феврал, ҷумъа, 44-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз, 12 феврал, панҷшанбе, 43-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 феврал, чоршанбе, 42-юмин рӯзи соли 2026 аст