ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 14 апрел, якшанбе, 104-умин рӯзи соли 2019 аст

Апрель 14, 2019 08:18

14 апрели соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон дар мулоқоти ғайрирасмии Сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

***

14 апрели соли 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни сохтмони қитъаи Душанбе-Данғараи роҳи мошингарди Душанбе — Қулма бо нақби Чормағзак ва роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа аз наздик шинос шуданд.

14 АПРЕЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи илми тоҷик.

***

Дар Ангола рӯзи ҷавонон.

РӮЙДОДҲО:

14 апрели соли 2015 Агентии миллии иттилоотии «Ховар» хабар дод, ки дар шаҳри Москва бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Хонаи миллӣ спектакли «Ҷомҳо чӣ мегӯянд»-и асарнавис ва коргардони тоҷик Раҳмон Одинаевро, ки аз рӯи ашъори Умари Хайём таҳия гардидааст, ба саҳна гузошт.

***

Дар ин рӯз, 14 апрели соли 1951 Академияи илмҳои Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон таъсис ёфт.

***

14 апрели соли 2015 дар маркази илм ва фарҳанги Россия дар шаҳри  Душанбе Рӯзҳои илми Россия дар Тоҷикистон доир гардид.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1900 дар Париж калонтарин намоишгоҳи байналмилалӣ дар Аврупо кушода шуд.

***

Соли 1912  «Титаник» ба якхпораҳои азим бархӯрд.

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад

Апрель 14, 2019 08:18

Хабарҳои дигари ин бахш