ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 апрел, сешанбе, 106-умин рӯзи соли 2019 аст

Апрель 16, 2019 08:00

16 апрели соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Палатаи ҳисоби Федератсияи Россия Сергей Степашинро ба ҳузур пазируфтанд.

***

5 сол пеш, 16 апрели соли 2014 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи эълон намудани соли 2014 ҳамчун Соли футболи оммавӣ» фармон ба имзо расониданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2018 дар шаҳри Душанбе зимни мулоқоти Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Салоҳиддин Раббонӣ ҷанбаҳои гуногуни ҳамкории Тоҷикистону Афғонистон муҳокима карда шуданд.

16 АПРЕЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Арманистон- рӯзи кормандони милитсия.

***

Рӯзи ҳуқуқшиносон ва аввалин Конститутсия дар Булғористон.

 РӮЙДОДҲО:

16 апрели соли 2001 дар Тоҷикистон корхонаҳои воҳиди давлатии «Тоҷикангишт» ва «Тоҷикгаз» тасис дода шуданд.

***

6 сол қабл, 16 апрели соли 2003 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи дуюми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ доир гардид.

***

22 сол пеш, 16 апрели соли 1997 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрванди 6-миллионаи кишвар таваллуд шуд.

***

16 апрели соли 2007 дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи китобҳо бахшида ба таърихи шаҳр кушода шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2008 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун «Дар бораи дастрасии ба иттилоот»-ро қабул намуд.

***

16 апрели соли 2016 ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо муҳокима гардиданд.

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1905 Дар Россия аввалин иттифоқҳои касабаи кормандони соҳаи матбуоти даврӣ таъсис дода шуданд.

***

Соли 2010 дар шаҳри Душанбе Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак — «Чодари хаёл» баргузор гардид.

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад

Апрель 16, 2019 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш