ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 апрел, ҷумъа, 109-умин рӯзи соли 2019 аст

Апрель 19, 2019 08:00

19 апрели соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Корея Пак Кин Хе дар робита ба ғарқ шудани киштии мусофирбари «Севол» дар соҳили ҷанубу ғарбии Ҷумҳурии Корея, ки боиси ба ҳалокат расидани теъдоди зиёди шаҳрвандон гардид, барқияи тасаллият ирсол намуданд.

***

3 сол пеш, 19 апрели соли 2016 дар машқгоҳи Маркази таълимии «Марғоб»-и Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон кушодашавии нахустин машқҳои муштараки махсуси қувваҳо ва воситаҳои иктишофии қувваҳои мусаллаҳи давлатҳои аъзои СААД «Ҷустуҷӯ-2016» оғоз гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2018 бино ба натиҷаҳои ҳамапурсии агентии таҳлилии «ТурСтат»-и Россия, пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ба қатори 10 шаҳри дар айёми баҳор барои сайёҳӣ муносиби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шомил гардид.

19 АПРЕЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи гули бойчечак.

***

Дар Россия рӯзи нашриёт.

РӮЙДОДҲО:

19 апрели соли 2017 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як зумра кадрҳое, ки ба вазифаҳои роҳбарикунанда дар сохтору воҳидҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардиданд, суҳбат намуданд.

***

19 апрели соли 2017 дар шаҳри Душанбе Форуми тиҷоратии доираҳои кории Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2018 масъалаҳои асосии ҳамгироии Тоҷикистону Россия, аз ҷумла таҳкими минбаъдаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои энергетика, саноат, нақлиёт ва амсоли инҳоро баррасӣ шуданд.

***

19 апрели соли 2000 дар қисмати марказии Руминия калонтарин кони тилло дар Аврупо кушода шуд.

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1970 дар Иттиҳоди Шӯравӣ нахустин мошини ВАЗ-2101 «Жигули» таҳия гардид.

***

Соли 1995 дар натиҷаи таркиши маводи тарканда дар иёлати Оклахомаи ИМА 168 нафар ҷон бохтанд. Ин таркиш нахустин ҳамлаи террористии азим дар таърихи Америка ба шумор меравад.

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад

Апрель 19, 2019 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш