ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 апрел, шанбе, 110-умин рӯзи соли 2019 аст

Апрель 20, 2019 08:00

20 апрели соли 2015 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими гузоштани санги асос ба бунёди хатти барқии 500- киловолтаи Душанбе — ноҳияҳои тобеи марказ ва панҷ мактаби миёнаи таҳсилоти ҳамагонӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

***

4 сол пеш, 20 апрели соли 2015 дар шаҳри Душанбе Сарвари давлат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон Котиби Кумитаи ҳизбӣ — роҳбари Ноҳияи Мухтори Синзян — Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин Чжан Чунсянро ба ҳузур пазируфтанд.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 дар  Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Директори генералии Ширкати байналмилалии «Гленкор» -и Швейтсария (Glencore International AG) Айван Глазенбергро ба ҳузур пазируфтанд.

20 АПРЕЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон- Рӯзи пойтахт (шанбеи сеюми моҳи апрел).

***

Дар Россия- рӯзи миллии донорҳо.

***

Рӯзи забони чинӣ.

РӮЙДОДҲО:

20 апрели соли 2012 дар Кохи Ваҳдати пойтахт таҳти раёсати Президенти мамлакат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати ҷумҳурӣ баргузор гардид, ки дар он натиҷаҳои фаъолият дар семоҳаи якуми соли 2012 ва вазифаҳои минбаъда баррасӣ шуданд.

***

12 сол қабл, 20 апрели соли 2007 дар шаҳри Душанбе конференсияи илмӣ бахшида ба 800-солагии Ҷалолуддини Румӣ баргузор гардид.

***

20 апрели соли 2017  дар шаҳри Остона даври навбатии машваратҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Қазоқистон доир шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2018 дар Душанбе сиёсати бехатарии давлатҳои Осиёи Марказӣ муҳокима карда шуд.

***

20 апрели соли 1949  Конгресси нахустини ҷаҳонии ҷонибдорони сулҳ баргузор гашт.

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1940 дар ИМА аввалин микроскопи электронӣ ба намоиш гузошта шуд.

***

Соли 1958 Клуби футболи «Рубин»-и Россия таъсис дода шуд.

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад

Апрель 20, 2019 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 декабр, якшанбе, 357-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 декабр, шанбе, 356-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 декабр, ҷумъа, 355-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 декабр, панҷшанбе, 354-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 декабр, чоршанбе, 353-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 декабр, сешанбе, 352-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 декабр, душанбе, 351-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 декабр, якшанбе, 350-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 декабр, шанбе, 349-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 декабр, ҷумъа, 348-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 декабр, чоршанбе, 346-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 декабр, сешанбе, 345-умин рӯзи соли 2024 аст