ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 апрел, якшанбе, 111-умин рӯзи соли 2019 аст
21 апрели соли 1997 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Фармон «Дар бораи пурзӯр кардани мубориза бар зидди терроризм»-ро ба имзо расониданд.
***
14 сол пеш, 21 апрели соли 2005 корҳои сохтмонии НБО-и «Сангтӯда-1» оғоз гардиданд. Неругоҳ соли 2009 ба истифода дода шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2018 бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо намояндагони соҳаҳои маорифу тандурустӣ, кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои пойтахт, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хонандагону донишҷӯёни болаёқати шаҳр мулоқот анҷом дод.
21 АПРЕЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Рӯзи бузургдошти Саъдии Шерозӣ (бо қарори ЮЕСКО ҷашн гирифта мешавад).
***
Рӯзи байналмилалии сирк.
***
Рӯзи астрономия.
РӮЙДОДҲО:
21 апрели соли 2003 дар шаҳри Хуҷанд Созишнома оид ба ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангӣ миёни вилояти Суғди Тоҷикистон ва вилояти Ҷанубии Қазоқистон ба имзо расид.
***
21 апрели соли 2016 дар шаҳри Душанбе рушди соҳаи ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон муҳокима карда шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои узви СҲШ дар Остона иштирок намуд.
***
21 апрели соли 1954 Иттиҳоди Шӯравӣ ба созмони ЮНЕСКО ворид гардид.
***
83 сол муқаддам, 21 апрели соли 1936 Театри мусиқӣ-мазҳакавии Кӯлоб ба номи Саидалӣ Вализода таъсис ёфт.
***
21 апрели соли 2013 нахустин фестивал-намоишгоҳи коллексияҳои мошинҳо «Авто-ретро Душанбе» дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1944 дар Франсия бори нахуст занҳо ҳуқуқи дар интихобот иштирок карданро ба даст оварданд.
***
Соли 1951 Кумитаи миллии олимпии Иттиҳоди Шӯравӣ таъсис ёфт.
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад