ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ НАЗМ. Дар Тоҷикистон дар ин рӯз базмҳои наврӯзии шеъру суруд баргузор мешаванд

Март 21, 2026 13:00

ДУШАНБЕ, 21.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. 21 март дар саросари дунё Рӯзи умумиҷаҳонии назм (шеър) таҷлил мешавад. Ин сана соли 1999 дар ҷаласаи 30-юми конфронси генералии ЮНЕСКО расман муқаррар шуда, якумин маротиба соли 2000 дар шаҳри Париж таҷлил гардид. Ҳадафи асосии ин рӯз эътироф ва таблиғи арзишҳои шеърӣ, дастгирии ҳаракатҳои байналмилалӣ ва маҳаллии шоирона ва фароҳам овардани фазои ҳамоҳангии фарҳангӣ мебошад.

– Рӯзи умумиҷаҳонии шеър имконият медиҳад, ки шоирон ва дӯстдорони эҷодиёти адабӣ дар саросари ҷаҳон бо ҳам вохӯранд, таҷрибаи илҳомбахшашонро мубодила кунанд ва дар рушду густариши адабиёт саҳм гузоранд.

Дар Тоҷикистон ин рӯз дар доираи чорабиниҳои  ҷашни Наврӯз гузаронида шуда, бо иштироки шоирони маъруфи мамлакат базмҳои шеъру суруд доир мегарданд. Бояд гуфт, ки соли 2016 бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Наврӯз ҳамоиши шоирони давлатҳои ҳавзаи Наврӯз дар сатҳи баланд баргузор гардид.

Дар ин айём дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат маҳфилҳои адабӣ, нишастҳои эҷодӣ ва базмҳои шеъру суруд ташкил карда мешаванд. Дар ин гуна маҳфилҳо шоирони маъруф, адибон, навқаламон ва дӯстдорони каломи бадеъ ҷамъ омада, ашъори тозаэҷодашонро қироат мекунанд. Як хусусияти ҷолиби ин чорабиниҳо он аст, ки дар он шеър, мусиқӣ, суруд ва ҳатто рақс ҳамоҳанг карда мешавад. Ҳунармандон шеърҳои классикӣ ва муосирро бо оҳангҳои дилнишин иҷро намуда, фазои илҳомбахш ва пур аз эҳсос ба вуҷуд меоранд. Ин гуна барномаҳо дар густариши завқи бадеӣ ва баланд бардоштани маърифати фарҳангии ҷомеа нақши муҳим мебозанд.

Дар Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ дар байни аҳолии мамлакат бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад.

Ин озмун барои дарёфти шоирони наврасу ҷавон ва рушди шеъри муосир заминаи мусоид фароҳам меорад. Давоми 7 соле, ки ин озмун доир гардид, довталабони зиёд дар номинатсияи эҷоди назм, адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, адабиёти классикии тоҷик,  адабиёти муосири тоҷик,  адабиёти ҷаҳон, ки ба ин номинатсияҳо шеър ва навъҳои он- рубоӣ, дубайтӣ, ғазал қитъа, мухаммас, мусаммат, мусаллас, тарҷеъбанд, таркиббанд ворид гардидаанд, фаъолона иштирок намудаанд. Ин нишони он аст, ки тоҷикон миллати шеърдӯст ва фарҳангпарвар мебошанд.

Давоми  солҳои соҳибистиқлолии мамлакат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарӣ ва сиёсати фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди анъанаи китобдорию китобхониро яке аз самтҳои умдаи сиёсати фарҳангӣ қарор дода, дар ин самт корҳои назаррас ба сомон расонид.

Ин озмун бори дигар дар дили ҳар фарди мамлакат меҳру муҳаббатро нисбат ба  китобу китобхонӣ бедор намуд. Зеро тоҷикон китобро беҳтарин ҳамнишину ҳамроз, сарчашмаи ақлу хирад, омӯзгори беминнат, «аниси кунҷи танҳоӣ» ва «фурӯғи субҳи доноӣ» медонистанд. Воқеан, таърихи китобдории мамлакати мо аз таърихи китобхонаҳои дигар давлатҳо қадимтар буда, имрӯз аз назари китобдорӣ авҷу камол ёфтааст.

Ба андешаи шоирон, шеър беҳтарин, баландтарин ва бузургтарин дастоварду дастовези инсоният давоми ҳастии ӯ мебошад. Танҳо шеър қодир аст, ки вақт, замон, ҳастии гузаронро нигоҳ дорад ва ба он абадият бахшад. Яъне шеър таҷассуми абадият аст ва ин баландтарин баҳоест, ки метавон ба он дод.

АКС аз манбаъҳои боз

Март 21, 2026 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ: давлатсозӣ, сулҳу ваҳдат ва ташаккули сиёсати хориҷии мустақили Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «24 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт гардидааст»
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АБӮАЛӢ ИБНИ СИНО: МУАРРИФИИ МИЛЛАТИ АРҶГУЗОР БА ИЛМУ ДОНИШ. Мулоҳизаҳо дар ин хусус
Истиқлолияти давлатӣ заминаи таҳкими волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон мебошад
Президенти Тоҷикистон: «Мо барои арҷгузорӣ ба арзишҳои асили тамаддуни тоҷикону форсизабонон иқдомоти муассирро амалӣ намудем»
Нусратулло Давлатзода: «Истиқлоли давлатии Тоҷикистон нодиртарин падидаи сиёсӣ ва сарнавиштсоз мебошад»
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
Маҳкам Маҳмудзода: «Истиқлоли давлатӣ дастоварди волотарини давлати тоҷикон маҳсуб мешавад»
Баҳодур Шерализода: «35 соли Истиқлоли давлатӣ барои рушди соҳаи ҳифзи муҳити зист заминаи мусоид гузошт»
ШЕЪР ВА ИСТИҚЛОЛ. Назми муосири тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар сафи пеши худшиносии миллӣ ва ҳаракати ваҳдати миллӣ қарор гирифт
НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ЭҲЁИ ДАВЛАТСОЗИИ МИЛЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Эҳдо ба 35-солагии соҳибистиқлолии мамлакат