НАВРӮЗ-БРЕНДИ МИЛЛИИ САЙЁҲӢ. Сайёҳони хориҷӣ дар ин рӯзҳо бо таърих, фарҳанг ва расму оинҳои халқи тоҷик бештар шинос мегарданд
ДУШАНБЕ, 21.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар таърихи фарҳанги халқи тоҷик ҳеҷ анъана ва расму ойине чун ҷашни фархундаи Наврӯз азизу арҷманд ва куҳантар нест. Дар даврони соҳибистиқлолӣ, бахусус дар чанд соли охир ин ҷашни миллии мардуми тоҷик бо хусусияти хоси худ ба яке аз брендҳои муҳими сайёҳӣ табдил ёфтааст.
Дар Тоҷикистон барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мероси бойи таърихию фарҳангии миллати тоҷик ин иди байналмилалӣ дар сатҳи баланд таҷлил мегардад. Дар доираи он сайёҳони хориҷӣ бо таърих, фарҳанг ва расму оинҳои халқи тоҷик бештар шинос мегарданд.
Дар ин замина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тарғиби арзишҳои созандаи Ҷашни байналмилалии Наврӯз, фарҳангу таърихи миллати тоҷик, баргузории фестивали ҳунарҳои мардумӣ, ойину бозиҳои наврӯзӣ, пухтани таомҳо ва намоиши либоси миллӣ аз ҷумлаи имконоте мебошанд, ки Наврӯзро ҳамчун бренди миллии сайёҳӣ муаррифӣ менамоянд.
Ҷашни байналмилалии Наврӯз яке аз маросими писандидаи ҷаҳониён буда, бо сифатҳои башардӯстонааш аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун дастоварди камназири фарҳанги умумиинсонӣ пазируфта шудааст. Он бо хусусияти писандидааш, ки некию накукорӣ, хуррамию хушҳолӣ, шодмонию нишот ва саодату пирӯзиро талқин мекунад, машҳури олам аст.
Ойину суннатҳои наврӯзӣ манзалату арзиши Наврӯзи бостониро дучанд намуда, ҷилои тоза мебахшанд. Ин оину суннатҳо ифодагари тамоми паҳлуҳои ҳаёту зиндагии мардуми мо маҳсуб мешаванд. Ҳамоишҳои фарҳангию фароғатӣ ва варзишии марбут ба Наврӯз дар баробари ҳамоишҳои мухталифи ҷаҳонӣ, ки ҳамасола миллионҳо сайёҳон дар онҳо иштирок менамоянд, метавонанд заминаи хуби рушди сайёҳӣ дар мамлакат бошанд.
Ба Тоҷикистон низ сайёҳони хориҷӣ зиёд меоянд, хусусан дар Ҷашни байналмилалии Наврӯз, ки дар доираи он ҳамоишҳои байналмилалӣ ташкил мегарданд.
Соли 2025 ба Тоҷикистон 1 миллиону 784,4 ҳазор сайёҳ ворид гардид. Аз ин шумора 1 миллиону 634,5 ҳазор нафар ба давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва 149,9 ҳазор нафар ба давлатҳои хориҷи дур рост меояд.
Сайёҳон дар Наврӯз ва дигар ҷашнҳои миллии мо аз хӯрокҳои миллии тоҷикон тановул намуда, бо анъанаҳои миллати тоҷик шинос мегарданд, дар баробари ин аз маҳсули даст ва армуғонҳои ҳунармандони тоҷик харидорӣ менамоянд, ки ба пешрафти соҳаи сайёҳии мамлакат мусоидат менамояд.
Бо назардошти ин ширкатҳои сайёҳии ватаниро мебояд дар мавриди ташкили хатсайрҳои туристии идона дар мавсими баргузории ҳамоишҳо бахшида ба Наврӯз тадбирҳои амалӣ андешанд.
Дар ин замина коршиносони соҳаи сайёҳӣ иброз медоранд, ки барои пешниҳоди Наврӯз ҳамчун бренди миллии сайёҳӣ дар бозори гардишгарии ҷаҳонӣ зарурати барномарезии ягонаи умумимиллии таҷлил аз Наврӯз дар тамоми гӯшаву канори мамлакат ба миён омадааст. Зеро Наврӯз дар баробари дигар ҷашну маросими миллии мардуми тоҷик пули устувори робитаҳои фарҳангӣ ва ҳамкорӣ байни халқу миллатҳои сайёра мебошад.
Коршиносони соҳа бар он назаранд, ки Наврӯз бо арзишҳои рушди устувор тавъам аст, зеро он паёми тозагӣ, эҳёи табиат ва эҳтиром ба муҳити зистро таблиғ менамояд. Ин ҷашнро метавон ҳамчун бренди «сабз» барои муаррифии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ истифода бурд, зеро идеяҳои экологӣ ва муносибати эҳтиёткорона бо табиатро ташвиқ менамояд.
Ҳамин тариқ, Наврӯз на танҳо иди қадимӣ, балки василаи тавонои муаррифии фарҳанг, рушди сайёҳӣ, тақвияти иқтисоди миллӣ ва пешбурди сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Бо роҳнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҷашн ҳамчун рамзи ифтихор ва ҳувияти миллӣ мавқеи устувор пайдо намуда, дар ташаккули бренди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муҳим мебозад.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе








ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ ВА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Таҳлили ҳуқуқии мафҳумҳои конститутсионӣ ва таърихии давлатдорӣ
ДАР МЕҲВАРИ СУЛҲ, ВАҲДАТ ВА СОЗАНДАГӢ. Мулоҳизаҳо оид ба рисолати таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Ҳунарманди ҷавон Сафина Шодиева: «Ҳунари дастиамро ба шуғли дӯстдошта ва манбаи даромад табдил додам»






