ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 апрел, сешанбе, 113-умин рӯзи соли 2019 аст
23 апрели соли 2015 дар деҳаи Кангурти ноҳияи Темурмалик бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бинои сеошёнаи маркази таълимӣ ва хизматрасонии «Меҳри Модар» ба истифода дода шуд.
***
4 сол пеш, 23 апрели соли 2015 Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ва Вазири фарҳанги Федератсияи Россия Владимир Мединский дар доираи Ҷаласаи 12-уми вазирони фарҳанги давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай барномаи ҳамкории байниидоравӣ барои солҳои 2015-2017-ро ба имзо расониданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2018 дар шаҳри Москва ҷаласаи 15-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон ва Россия баргузор шуд.
23 АПРЕЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Рӯзи умумиҷаҳонии китоб ва ҳуқуқҳои муаллиф.
***
Рӯзи забони англисӣ дар СММ.
РӮЙДОДҲО:
23 апрели соли 2013 дар шаҳри Душанбе бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ду бинои бисёрошёнаи истиқоматӣ ва маҷмааи варзишии Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ ёфтанд.
***
23 апрели соли 2015 нахустин ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия доир гардид.
***
3 сол пеш, 23 апрели соли 2016 масоили рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Франсия баррасӣ шуданд.
***
23 апрели соли 2018 дар Минск дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Беларус дар самти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ муҳокима гардиданд.
***
Дар ин рӯзи соли 1929 дар Иттиҳоди Шӯравӣ аввалин нақшаи 5-солаи рушди хоҷагии халқ қабул карда шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 1958 нахустин анҷумани рассомони Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт.
***
23 апрели соли 1965 аввалин моҳвораи алоқаи Иттиҳоди Шӯравӣ «Молния-1» ба кайҳон равон карда шуд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1911 дар шаҳри Санкт-Перебург-и Россия нахустин маротиба Намоиши байналмилалии ҳавопаймоҳо гузаронида шуд.
***
Соли 1974 дар ҷазираи Балии Индонезия ҳавопаймоии Boeing 707-и ширкати Pan American ба садама дучор шуд, ки дар натиҷа 107 нафар ҷони худро аз даст доданд.
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад