ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 апрел, ҷумъа, 116-умин рӯзи соли 2019 аст

Апрель 26, 2019 08:00

26 апрели соли 2012 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири нави Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Тоҷикистон Аббосалӣ Карим огли Гасанов ва Сафири нави Британияи Кабир дар Тоҷикистон Робин Ҷереми Орд — Смит эътимоднома қабул намуданд.

***

6 сол пеш, 26 апрели соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мушовири давлатии Конфедератсияи Швейтсария Айвес Россиераро ба ҳузур пазируфтанд.

***

Дар ин рӯзи соли 2018  масоили рушди ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Хитой муҳокима карда шуданд.

26 АПРЕЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии поси хотири қурбониёни садамаи Чернобил.

***

Рӯзи умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ.

РӮЙДОДҲО:

26 апрели соли 2001 мулоқоти Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли САҲА Ян Кубиш доир гардид.

***

5 сол пеш, 26 апрели соли 2014 дар Маскав мулоқоти Иттиҳоди ташхисгарон дар мавзӯи «Коҳиши сатҳи ҷиноят дар сафи ҷавонон тавассути паст кардани талаботи маводи нашъаовар дар асоси офият ва аз нав иҷтимоигардонии истеъмолкунандагони маводи нашъаовар» баргузор гардид.

***

26 апрели соли 2010 дар шаҳри Душанье консерт бо иштироки ҳунармандони санъати мусиқии ИДМ бахшида ба 65-солагии Ғалаба дар  Ҷанги дуюми ҷаҳон доир гашт.

***

Дар ин рӯзи соли 2018 масоили рушди минбаъдаи ҳамкории шарикии стратегӣ ва дуҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистон, инчунин дурнамои ояндаи он муҳокима шуданд.

***

26 апрели соли 2018 гуфтушуниди сиёсии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон доир шуд.

***

26 апрели соли 1986 дар Неругоҳи ҳастаии Чернобил садама ба амал омад, ки дар таърих чун садамаи мудҳиштарини ядроӣ  маҳсуб мешавад.

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1991 дар Рига Фестивали байналмилалии нахустини ҳаҷв ва зарофатгӯӣ кушода шуд.

***

Соли 1921 дар Лондоне аввалин полиси потрул (бо мошин) пайдо шуд.

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад

Апрель 26, 2019 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 август, шанбе, 237-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 август, ҷумъа, 236-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 август, панҷшанбе, 235-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 август, чоршанбе, 234-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 август, сешанбе, 233-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 август, душанбе, 232-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 август, якшанбе, 231-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 август, шанбе, 230-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 август, ҷумъа, 229-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 август, панҷшанбе, 228-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 август, чоршанбе, 227-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 август, сешанбе, 226-умин рӯзи соли 2024 аст