ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 апрел, шанбе, 117-умин рӯзи соли 2019 аст

Апрель 27, 2019 08:00

27 апрели соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як мавзеи хушбоду ҳавои соҳили дарёи Вахш Истироҳатгоҳи замонавии «Пули Сангин»-ро ифтитоҳ карданд.

***

3 сол пеш, 27 апрели соли 2016 дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Норак Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Неругоҳи барқи обии Норак ташриф оварда, муҳимтарин қисмати ин иншооти стратегӣ – дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элигазии 500 кВ-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 зимни маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Сумангул Тағойзода дар хусуси лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба танзими қувваи корӣ дар Давлати Қатар гузориш дод.

27 АПРЕЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар ИМА рӯзи ниҳолшинонӣ.

РӮЙДОДҲО:

27 апрели соли 1930 дар Душанбе аввалин театрстудияи мусиқавӣ таъсис ёфт.

***

Дар ин рӯзи соли 1992 Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуданд.

***

4 сол пеш, 27 апрели соли 2015 дар Душанбе аввалин ҷаласаи Иттифоқи собиқадорон- интернатсионалистони Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 дар Душанбе ҷаласаи 12-уми якҷояи гурӯҳи кории Точикистону Россия баргузор гардид.

***

27 апрели соли 1933 Китобхонаи илмии марказии пойгоҳи тоҷикистонии АИ ИҶШС – ҳоло Китобхонаи илмии марказии Академияи илмҳои Тоҷикистон ба номи Индира Гандӣ кушода шуд.

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1908 IV Бозиҳои олимпӣ дар шаҳри Лондони Британияи Кабир оғоз гардид, ки як моҳ идома ёфт.

***

Соли 1975  дар мусобиқаи мошинронии «Формула-1» бори аввал ва охир дар таърих холҳои санҷиширо зан соҳиб шуд.

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи Далер варақ мезанад

Апрель 27, 2019 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 феврал, душанбе, 54-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 феврал, якшанбе, 53-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 феврал, шанбе, 52-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 феврал, панҷшанбе, 50-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 феврал, чоршанбе, 49-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 феврал, сешанбе, 48-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 феврал, душанбе, 47-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 феврал, якшанбе, 46-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 феврал, шанбе, 45-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 феврал, ҷумъа, 44-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз, 12 феврал, панҷшанбе, 43-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 феврал, чоршанбе, 42-юмин рӯзи соли 2026 аст