ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 апрел, душанбе, 119-умин рӯзи соли 2019 аст

Апрель 29, 2019 08:00

29 апрели соли 2011 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи 15-солагии Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

***

6 сол пеш, 29 апрели соли 2013 Низомномаи таъйин намудани Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тасдиқ гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 Сарвазири Федератсияи Русия Дмитрий Медведев аз намоишгоҳ — гӯшаи Тоҷикистон бахшида ба саҳми Тоҷикистон  дар  Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 — 1945, ки дар Осорхонаи марказии ҶБВ воқеъ дар Поклонная гораи шаҳри Москва  ифтитоҳ гардид, дидан  намуд.

29 АПРЕЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи умумиҷаҳонии рақс.

***

Рӯзи гиромидошти хотири қурбониёни силоҳи кимиёвӣ.

РӮЙДОДҲО:

29 апрели соли 1992 миёни Тоҷикистон ва Шоҳигарии Белгия муносибатҳои дипломатӣ барқарор гардид.

***

29 апрели соли 2015 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсия оид ба пешгирии ҷинояти генотсид ва ҷазо барои он ҳамроҳ шуд.

***

5 сол пеш, 29 апрели соли 2014 дар Душанбе амнияти энергетикии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор дода шуд.

***

29 апрели соли 2014  дар Тоҷикистон Шӯрои миллӣ оид ба аҳолӣ ва рушди он таъсис ёфт.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Булғористон оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилии мусофирон ва борҳо қабул карда шуд.

***

29 апрели соли 2016 дар мусобиқаи интихобии   Осиё оид ба таэквондо WTF барои пайдо кардани роҳхат ба Бозиҳои олимпии Рио, ки дар пойтахти Филиппин- шаҳри Манила ба анҷом расид, ду нафар варзишгарони мамлакат ба гирифтани медалҳои  биринҷӣ муваффақ шуданд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1961 анҷумани аввалини зиёиёни Тоҷикистон доир гардид.

***

Соли 1931 дар Иттиҳоди Шӯравӣ нахустин барномаи телевизионии касбӣ ба намоиш дода шуд.

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад

Апрель 29, 2019 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 феврал, душанбе, 54-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 феврал, якшанбе, 53-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 феврал, шанбе, 52-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 феврал, панҷшанбе, 50-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 феврал, чоршанбе, 49-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 феврал, сешанбе, 48-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 феврал, душанбе, 47-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 феврал, якшанбе, 46-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 феврал, шанбе, 45-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 феврал, ҷумъа, 44-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз, 12 феврал, панҷшанбе, 43-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 феврал, чоршанбе, 42-юмин рӯзи соли 2026 аст