ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 6 апрел, шанбе, 96-умин рӯзи соли 2019 аст

Апрель 6, 2019 08:02

6 апрели соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон намояндаи доимии Бонки осиёии рушд дар Тоҷикистон Ҷоҷи Токеширо ба ҳузур пазируфтанд.

***

Дар ин рӯз, 6 апрели соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбари раёсати Агентии энергетикии Германия Штефан Колерро ба ҳузур пазируфтанд.

6 АПРЕЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии варзиш ба хотири сулҳу субот.

***

Рӯзи байналмилалии тенниси рӯйимизӣ.

***

Рӯзи геологҳо.

РӮЙДОДҲО:

6 апрели соли 2016 Агентии миллии иттилоотии «Ховар» иттилоъ дод, ки дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон мусобиқаи байналмилалӣ ба ёдбуди Арбоби давлатии Қазоқистон Нурлан Каппаров бо иштироки дастаҳои наврасони Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзиши Тоҷикистон доир гардид. Дар он даста таҳти роҳбарии мураббӣ Сафаралӣ Раҳмонов сазовори ҷойи дуюм гардид.

***

3 сол қабл, 6 апрели соли 2016 дар шаҳри Искандарияи Миср 2-юмин конфронс дар мавзӯи «Нақши Мовароуннаҳр дар ғанигардонии тамаддуни исломӣ» баргузор гардид.

***

6 апрели соли 2016 47 нафар аз Душанбе, Хуҷанд ва Қӯрғонтеппа (ҳозира Бохтар) дар озмуни шеърхонон, ки бо ташаббуси ҷамъияти Пушкин бахшида ба Рӯзи байналмилалии шеър доир шуда буд, иштирок намуданд.

***

Дар ин рӯз, 6 апрели соли 2009 дар  километри 95-уми шимолу шарқи Рим заминларза бо қувваи 6,3 балл ба амал омад, ки дар натиҷа  293 нафар ҷони худро аз даст доданд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1965 дар ИМА аввалин моҳвораи тиҷоратӣ дар самти алоқа сар дода шуд.

***

Соли 1896 дар Афина аввалин бозиҳои олимпии муосир ифтитоҳ ёфтанд.

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад

Апрель 6, 2019 08:02

Хабарҳои дигари ин бахш