ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 8 апрел, душанбе, 98-умин рӯзи соли 2019 аст

Апрель 8, 2019 08:00

8 апрели соли 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бўстонсарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони сершумори қишрҳои гуногуни аҳли ҷомеа доир ба ҷамъбасти муҳокимаи умумихалқии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» вохӯрӣ намуданд.

***

8 апрели соли 2015 Агентии миллии иттилоотии «Ховар» хабар дод, ки дар ин рӯз бо роҳбарии раиси Кумитаи ҳарбӣ, сардори Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон — муовини аввали Вазири мудофиаи Тоҷикистон Зариф Шарифзода ҷаласаи Кумитаи ҳарбии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баргузор гардид.

8 АПРЕЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон- рӯзи иқтисодчиён.

***

Дар Россия- рӯзи аниматсия.

РӮЙДОДҲО:

8 апрели соли 1980 дар Душанбе бори нахуст кинофестивали XIII умумииттиҳодиявӣ баргузор гардид.

***

27 сол қабл, 8 апрели соли 1992 дар Душанбе протокол оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Россия ба имзо расид.

***

8 апрели соли 2002 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар кори Саммити Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё иштирок намуданд, ки дар ҷараёни он масъалаҳои бехатарӣ ва ҳамкорӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардиданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2003 президенти Украина Леонид Кучма ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафари нахустини расмӣ ташриф овард.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1766 дар ИМА ба нахустин нардбони оташнишонӣ патент дода шуд.

***

Соли 1935 дар Иттиҳоди Шӯравӣ нисбат ба кӯдакони аз 12- сола боло ҷавобгарии ҷиноӣ амалӣ карда шуд.

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад

Апрель 8, 2019 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш